То хўи маҳалгароӣ аз тинати мо
Берун нашавад, кам нашавад зиллати мо.
Ваҳдат бошад шифои ин иллати мо,
Ин аст раҳи раҳоии миллати мо.
Назрӣ Асадзода
То истиқлоли давлатии мо дар ҳаққи миллати ҷафокашидаи тоҷик ҳар гапе меёфтанд, мегуфтанд ва ҳар коре раво медиданд, мекарданд. Дар ҳама ҷо шумори тоҷиконро кам нишон медоданд, дар шиносномаҳо ин калимаи зебову зарринро наменавиштанд. Ҳангоми тарҷумаи китоби олимони машҳури дунё вожаи “тоҷик”-ро, ки чун хор ба чашму дилашон мехалид, хат мезаданд. Истиқлол ба тоҷик забони гўёашро баргардонд ва тоҷик барномаи миллии хешро мураттаб сохт.
Ба дастам китобе афтод, ки “Нома аз сангари Ватан” (Душанде-2020) ном дошту муаллифаш, собиқ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Назрӣ Асадзода буд. Рости гап, ман оҳан будам, китоб оҳанрабо. Пораи шеърие, ки дар оғоз овардем, аз ҳамин маҷмўа аст. Шоир санъатҳои бадеиро фаровон ба кор бурда, ба мо ишора мекунад, ки мо кистем ва гузаштагони мо аз кадом дудмон буданд:
Диҳад аз баҳри ҳифзи нанг сар бар дор ҳар тоҷик,
Ки дар шарёни ҳар тоҷик хуни Сарбадорон аст.
Воқеан, аз гардишҳои замонаҳо тоҷик ҷабри зиёд дид. Тоҷик тарсу нест, вай ба ҳама кас аз равзанаи меҳру вафо менигараду мегўяд: “Бани одам аъзои якдигаранд”, вале ҳар худхоҳу кинавар намефаҳмаду боз муносибати ваҳшиёна мекунад:
Миллате чун мо надида ҷаври таърих ин қадар
Кард душман пуштаҳо аз наъши чандин пушти мо.
Ҷавр дида меҳр меварзид тоҷик аз азал,
Мазҳари Ҳақ Меҳрро дониста буд Зардушти мо.
Ҷабру ҷафо дидани тоҷикро олимону таърихнигорони олам борҳо қайд кардаанд, аз ҷумла, муаррихи рус Н.Г.Павлов дар китоби тадқиқотияш “История Туркестана” ишора кардааст: “Аз рўйи адолат бояд гуфт, ки то ба ҳол тоҷикон халқи ҷонсахттаринанд, кам миллатест, ки ба мисли тоҷикон ба ин миқдор ва чунин зарбаҳои сахт хўрда бошад, вале агар онҳо камтар имкони нафасросткунӣ ёбанд, аз нав зинда мешуданд”.
Нокасони мутаассибу мазҳабӣ ба гўши тоҷики бечора ин “ғазал”-и рўҳшиканро хонда омадаанд: “Гардани хамро шамшер намебурад”, аммо миллатдўст ин гуфтаҳои бемағзро рад карда, далерона шиори беҳтаринро хитоб мекунад: “Аз аду шафқатро интизор мабош!”:
Тан мадеҳ бар қисмату ҳамвора саъю ҷаҳд кун,
Войи меше, к-интизори шафқати қассоб буд.
Мардум аз мазҳабгароён хаста шудаанд. Мусулмонӣ коҳиш ёфтааст. Мусулмон, ки сунниву шиаву исмоиливу салафиву халафиву алафӣ шуд, дигар дар ў обрўву манзалат намонд.
Бархе маҳалгарову баъзе ба фикри мазҳаб,
Худхоҳ бошад инаш, гумроҳ бошад онаш.
Аз баҳри он ки миллат бошад қавию сарҷамъ,
Бояд, ки кард миллӣ андешаву равонаш.
Тоҷик аз азал ободгар буд ва ин ободгариро ба халқҳои дигар ёд дод. Кишоварз, деҳқон, боғбон, чорводор ва ғайра калимаҳои соф тоҷикиянд ва инчунин, тамоми номгўи ҳунару касбу корҳо ҳам тоҷикиянд, ба мисли заргар, кулол, дегрез, чармгар, подабон, чўпон, нонво, ошпаз, коргар...
Гар адў вайрон кунад, тоҷик ободон кунад,
Мевадузд аст ўву мо монанди боғи пурбарем.
Мевадуздонро бигў шохи дарахтон нашкананд,
Мева бисёр аст дар боғе, ки мо мепарварем.
Дасти мо хоки Ватанро бо ҳунар зар мекунад,
Ҳар ҳарфи хоки Ватан зар бошаду мо заргарем.
Шоири ҳунарманд боз ба санъати талмеҳ рў меораду моро ҳушдор медиҳад, ки сарзамини Аҷам аз они тоҷикон аст, ба ин гуфтаҳо таъриху забону бузургмардони тоҷик гувоҳанд:
Барои субҳи Ватан ғарқ чун шафақ шудаанд
Ба хуни худ падарони сафедҷомаи мо.
Фарохнои Аҷам сарзамини мо бошад,
Забони мо бувад ин ҷо гувоҳномаи мо.
Файласуф Назрӣ Асадзода дар ғазали “Ахгари худшиносӣ” худшиносиро ибтидои кори меҳандорӣ медонаду моро ба навпардозӣ ва сарфарозӣ даъват менамояд:
Худшиносӣ ибтидои кори меҳандорӣ аст,
Оташи ишқи Ватан равшан аз ин ахгар шавад.
Эй куҳанмиллат, таҷаддудхоҳу навпардоз бош,
То ки фардои ту аз имрўзи ту беҳтар шавад.
Ҳайф бошад миллати фарҳангсолоре чу мо
Дам ба дам помоли урдуҳои ғоратгар шавад.
Сар барафрозем агар бар зидди душман ҳамчу кўҳ,
Дар кўҳистони Ватан ҳар санг чун сангар шавад.
Шоири донишманди мо таҳкими истиқлол, раҳнамои ҷодаи иқбол ва рушди миллатро аз рў овардан ба мактаб медонад. Танҳо мактаб моро аз қайди таассубу ҷаҳолат мераҳонад. Кўдаке, ки аз хурдӣ дар мактаб худро шинохт, ҳатман меҳанпарасту миллатдўст мешавад. Дар мактаб фарзанди инсон рўҳу равон мегирад. Муаллими навоин дар мактаб ганҷ аст, ин ганҷро бояд азиз дошту қадр кард. Дар мактаб муаллим илму фан меомўзад, зеро соҳиби илму фан иқтидорманду пурқудрат аст:
Рушди миллатро агар хоҳӣ, ба мактаб
рўй ор,
Боиси некуии аҳволи миллат мактаб аст...
Сарнавишти хешро миллат тавонад
худ навишт,
Хомаи барномаи аъмоли миллат
мактаб аст.
Миллати берўҳия чун ҷисми берўҳ
асту бас,
Рўҳбахши нийяту омоли миллат
мактаб аст...
Иқтидори миллат аз илм асту
фанноварӣ
Пойгоҳи қудрату иҷлоли миллат
Дар давоми ғазали боло ин байтҳоро низ бояд ҷой диҳем:
Фарди миллат марди миллат мешавад,
Ҳар гаҳе ҳамдарди миллат мешавад.
Фардро боист кардан тарбият,
То ки миллатро физояд зарфият.
Касонеро дидаем, ки зиёнамоянд, дар идораҳои бонуфуз кор мекунанд, вале аз суҳбаташон дилгир мешавӣ. Худшинос нестанд ва худшиносӣ чист намедонанд. Ба онҳо тавсия медодам, ки шеъри “Худшиносӣ чист?”-и шоири оташсухани моро хонанду ба маънии он сарфаҳм раванд ва ин гуфтаҳоро шиори хеш кунанд, он вақт рушд мекунанд, ба инсони ботинан донишманд табдил меёбанд:
- Худшиносӣ чист? –Асли хешро бишнохтан,
Парчами номуси миллатро баланд афрохтан.
Худшиносӣ қавмро табдил бар миллат кунад,
Бо ҳамин иксир аз ин мис метавон зар сохтан.
Ҳакималӣ Назаралӣ,
омўзгори собиқадор,
шаҳри Ҳисор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр