Нашрияи Омӯзгор

Сулҳу ваҳдат – фахри миллат

Сана: 2021-09-13        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Оғози  ҳар соли таҳсили нав иртиботманд аст бо марҳилаи тозаи омўзиш ва такмили донишу ҷаҳонбинии насли наврас. Махсусияти соли таҳсили 2021-2022, пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар даҳаи аввали омўзиш 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Вобаста ба ин,  дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рўзҳои нахустини соли таҳсил дар ҳамаи дарсҳо ва машғулиятҳои иловагӣ ба мавзўи Ватан ва ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, пос доштани истиқлол ва муқаддасоти миллат бахшида мешаванд. Ҳамчунин, мавзўи нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории истиқлол ва тантанаи сулҳу ваҳдат дар маркази таваҷҷуҳи аҳли таълиму тарбия хоҳад буд. Аслан, мавзўъҳои мазкур дар фаъолияти омўзгорон нақши ҳамешагӣ доранд ва мунтазам бо далелу арқоми нав такмил дода мешаванд. Ҳадаф он аст, ки насли наврас ба моҳияту аҳамияти истиқлол хуб сарфаҳм равад, аз истиқлоли Ватан ифтихор дошта бошад ва минбаъд дар тақвияти истиқлол ҳиссагузорӣ намояд. Бояд донад, ки асоси истиқлол сулҳу ваҳдат ва осоиштагии ҳамагонист. Истиқлол мустақилият аст, сари баланд аст,  масъулият аст, шаъну шараф аст. Тавассути истиқлол ҷумҳурии моро дар саросари  ҷаҳон шинохтаву эътироф кардаанд ва бо он робитаҳои ҳасана ба роҳ  монданд.

Мо, омўзгорони мамлакат, суханронии Сарвари кишварро зимни ифтитоҳи гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии пойтахти ҷумҳурӣ бо таваҷҷуҳи том шунидем. Пешвои миллат пас аз табрики  самимонаи аҳли маорифи диёр аз боби сулҳу осоиштагӣ ба таври хеле муассир сухан гуфтанд ва аз ҷумла, таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омўзонем, онҳоро дар рўҳияи хештаншиносию ватандўстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем. Дар ин раванд, фарҳанги сулҳ ва сулҳпарварӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз зинаи таҳсилоти томактабӣ дар замири кўдакон тарбия карда шавад, зеро ин марҳала дар инкишофи ақлонии кўдак давраи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад». Воқеан ҳам, дар айёми мо, ки ба он воқеаҳои зиёди пурихтилоф дар сатҳи ҷаҳонӣ хос аст, сулҳу ваҳдати миллӣ аҳамияти ҳар чи бештар пайдо мекунанд. Воқеаҳои сиёсии вақтҳои охир дар олам, махсусан, дар минтақаи Осиёи Миёна моро боз ҳам водор месозанд, ки фарҳанги сулҳро вусъат бахшему омўзиши онро дар байни насли наврас пурсамартар ба роҳ монем. Ин ҷанбаи муҳими фаъолияти омўзгорон бояд бошад. Пешвои миллат вобаста ба ин масъалаи  мубрам бо ҷиддият изҳор доштанд: «Маҳз бо сабаби он ки сулҳу оромӣ барои зиндагии инсон аҳамияти ҳаётӣ дорад ва хусусан, дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир мо бояд ба хотири ҳимояи сулҳу оромӣ суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин, барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дигар омилҳои хатарзо беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошем».

Дар алоқамандӣ ба ин гуфтаҳои Сардори давлатамон мо – аҳли маорифро зарур аст, ки ҷиҳати тарбиявии ҳама гуна машғулиятҳоямонро бо шогирдон такмил бахшем ва барои тарбияи сазовори ояндасозони миллат аз методу усулҳои муассиртарину самаровар пайваставу мавридшиносона истифода намоем.

Суханронии мазкури Пешвои муаззами миллат бояд дар байни тамоми алоқамандони  таълиму тарбия мавриди омўзиши амиқ ва натиҷагирӣ қарор дода шавад.

 

Шабнам Зокирова,

омўзгори  забони русии МТМУ №55, ноҳияи Шоҳмансур

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш