Нашрияи Омӯзгор

Истиқлол ва «Омўзгор»

Сана: 2021-09-13        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Дар ибтидои даҳсолаи вопасини садаи бистум барои халқи куҳанбунёду ватанпарвари тоҷик ҳодисаи басо таърихиву сарнавиштсоз ба вуқўъ пайваст, ҳодисае, ки дар дарозои асрҳову замонҳо орзую ормони ин мардуми бунёдкору тамаддунпарвар буд. 9 сентябри соли 1991  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Ин ҳодиса гардиши куллӣ дар ҳаёти ҷумҳурии азизи мо буд ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар марҳилаи тозаеро боз намуд.

 

Дар соҳаҳои маориф ва табъу нашр низ фаъолият дигаргунию ислоҳоти азимеро тақозо мекард. Ҷумҳурии мустақил талаб мекард, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат созгор бо қонуну қоидаҳои мустақилият рушд ва тараққӣ кунанд. Ва ин кори саҳлу сода ҳам набуд, зеро дар натиҷаи канда шудани робитаҳо, ба вижа, робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои дигари собиқ ИҶШС ва оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бахшҳои аъзами ҳаёти кишварро буҳрони шадид фаро гирифт. Дар ин миён матбуоти даврӣ, бахусус, нашрияи «Омўзгор» низ истисно нест. «Омўзгор» ба ҳайси нашрияи асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 89-соли мавҷудият (соли таъсис-1932) дар тарғиб ва инъикоси сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи маориф ва илм, ормонҳои миллӣ ва баррасии нақшаву ниятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми намоён мегузорад.

Шумораи якуми нашрияи «Омўзгор» баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 сентябри соли 1991 ба табъ расидааст ва он рақами 36 ва шумораи 10041-ум мебошад. Дар саҳифаи аввали он изҳороти сессияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (аз 9 сентябри соли соли 1991) «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ба нашр расидааст. Шиори «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед» дигар вуҷуд надорад. Аслан шиори мазкур аз шумораи №35 (10040) (августи соли 1991) бардошта шудааст. Ин маънии онро дорад, ки аҳли эҷоди «Омўзгор» як шумора пеш мустақилияти Тоҷикистонро пазируфтаанд.

Аслан фаъолияти «Омўзгор» дар солҳои 1991-1993 ба ташаккули низоми нави маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, мундариҷаи нашрияро муҳокима ва қабули ду ҳуҷҷати муҳими соҳа – Консепсияи мактаби миллии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», масъалаҳои таълиму тарбия, муҳтавои китобҳои дарсиву барномаҳои таълимӣ, табодули таҷрибаи омўзгорон ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо, худшиносиву худогоҳӣ, фарҳангу адаб ва иҷтимоиву ҳуқуқиро  дар бар гирифтааст ва бештари мавзўоти дарҷгардида зери рубрикаҳои «Минбари озод: розҳо ва ниёзҳо», «Ба ёрии муаллимон», «Баҳс ва андеша», «Дар муҳокима: лоиҳаи Консепсияи мактаби миллии Тоҷикистон», «Пурсед, ҷавоб медиҳем», «Донишгоҳи ғоибонаи омўзгор», «Маслиҳати методист», «Андешаи омўзгор», «Мактаб, оила, аҳли ҷамъият», «Мактабшиносӣ», «Масъалаҳои доғи рўз», «Китобхонаи «Омўзгор»»  рўйи чоп омадаанд.

Новобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва душвориҳои молиявӣ, дар солҳои аввали истиқлол нашрияи асосии соҳаи маориф – «Омўзгор» дар саҳифаҳои худ масъалаҳои муҳими соҳа ва ҷомеаро ба миён мегузошт. Чи тавре ки аз иттилооти мухтасари дар солҳои 1991-1992 нашргардида маълум мегардад, идораи нашрия ба вазъи сиёсии баамаломада низ бетараф набуд. Дар ин маврид бори аввал (1991, 25 сентябр) хабар дода мешавад, ки вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, махсусан, дар пойтахт нигаронкунанда ва мураккаб аст. Ҳолати мазкур баъди гирдиҳамоиҳои аввалин дар майдони «Шаҳидон» ва баъд «Озодӣ», кандани муҷассамаи Ленин ба амал омада, сессияи ғайринавбатии Шўрои Олӣ то 1 январи соли 1992 вазъи фавқулодда эълон кард. (Маълум аст, ки баъди чанде бо фишори майдоннишинҳо вазъи фавқулодда бекор гардида, баъд чанд маротибаи дигар аз нав эълон карда шуд). Ҳамин тавр, гоҳ-гоҳ дар нашрия вазъи сиёсии ҷумҳурӣ хеле мухтасар бо зикри воқеоти асосӣ шарҳ ёфта, аксҳо аз он ҳодисот ҷой дода шудаанд, аммо дар умум, мушоҳида мешавад, ки идораи нашрия ва кормандони он гурўҳи сиёсиеро тарафдорӣ накарда, пеш аз ҳама, тарафдори оромӣ ва осудаҳолии мардуманд. «Маводи зиёде ба идора меоварданд, ки ҳар кадом аз майдонҳои худ ҷонибдорӣ мекарданд... Вале мо танҳо иттилоъ медодем, воқеаҳоро набояд мо, балки таърих баҳогузорӣ мекард», чунин гуфтааст С. Сайфуллоев, сармуҳаррири нашрияи «Омўзгор» дар мусоҳиба бо корманди нашрия Саида Набизода (Набизода, С. Ман фарзанди «Омўзгор» - ам / С. Набизода // Оинаи маориф. – Душанбе. – 2012. – С. 148).

Вазорати маорифи кишвар низ аз рўзҳои аввали барқарории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз ташаббускорони ташкили конфронси ҷумҳуриявӣ «Педагогҳо – ҷонибори сулҳ ва ҳусни тафоҳум» буда, аҳли маориф барои нигоҳдории сулҳ ва ҳусни тафоҳум дар ҷомеа кўшиш мекарданд. Дар «Муроҷиатномаи аҳли маорифи ҷумҳурӣ ба ташкилоту созмонҳои навташкил, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо» (1991, 4 октябр) аз тарафҳои даргир хоҳиш ва талаб карда мешавад, ки ҳифзи муассисаҳои таълимӣ, кадрҳои педагогӣ, кўдакону наврасон ва ҷавонони мактабхонро ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд, зеро онҳо ганҷинаи ояндаи ҷомеа мебошанд.

Ҳанўз аз оғози маъракаи обуна барои соли 1992, ки ба давраи оғози бенизомиҳо рост омад, вазъи моддии «Омўзгор», теъдоди обунашавандагон ба маротиба кам мешуд. Ин аст, ки илова ба муроҷиатномаи фавқулзикри Кумитаи иттифоқи касаба (1992, 8 январ)  дар саҳифаи якум дар бораи таъсиси «Хазинаи «Омўзгор»» хабар дода мешавад. Ҳадаф дастгирии моддии идораи нашрия ва пешгирӣ аз баста шудани он аст. Дар муроҷиатномаи «Ба таваҷҷуҳи дўстдорон ва муштариёни «Омўзгор»!» (1992, 1 апрел) аз хафви баста шудани нашрия  сухан меравад. Гуфта мешавад, ки теъдоди обуна аз 33 ҳазор адад поён шудааст ва ин дар ҳолест, ки дар ҷумҳурӣ 100 ҳазор нафар омўзгор фаъолият доранд. Маълум гардид, ки ин ҳам ҳадди ниҳоӣ набуда, соли 1993 теъдоди чоп боз ҳам коҳиш ёфта, боиси кам гаштани саҳифаҳои «Омўзгор», пастшавии сифати чоп, номунтазам чоп шудани он гардид. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра тағйироти кадрӣ дар сатҳи роҳбарии нашрия ба вуқўъ пайваст. Ба ҷойи Бобо Насриддинов ба вазифаи сармуҳаррири нашрияи «Омўзгор» Самиюлло Сайфуллоев таъйин мешавад. Адиб ва рўзноманигори варзида Б. Насриддинов то моҳи  феврали соли 1993 нашрияро роҳбарӣ кард ва воқеан ҳам, қаламкаши соҳибистеъдод буд. Кори нашрия, соҳаи маорифро хуб медонист ва тавонист дар идораи «Омўзгор» муҳити созгореро ба вуҷуд орад. Б. Насриддинов соли 1983 сармуҳарририи «Газетаи муаллимон» (ҳоло «Омўзгор»)-ро ба уҳда гирифта, дар ин вазифа 10 сол кор кард. «Омўзгор» дар солҳои роҳбарии ў ба яке аз нашрияҳои серхонандатарини ҷумҳурӣ табдил ёфт. Солҳои зиёд дар саҳифаҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон», «Омўзгор» ва дигар рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ аз ҳаёти аҳли маориф хабару мақолаҳо, лавҳа, очерку қиссаҳо ва повестҳои Б. Насриддинов чоп ва беҳтарини онҳо минбаъд дар китобҳои бешумори ў ва маҷмўаҳои дастаҷамъӣ дохил шудаанд. Аз Б. Насриддинов насли зиёди рўзноманигорони тоҷик сабақи касбӣ омўхтанд, ки яке аз онҳо рўзноманигори варзида Самиюлло Сайфуллоев мебошад, ки солҳои 1993-2006 ба ҳайси сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омўзгор» кор кардааст. С. Сайфуллоев ҳамчун сармуҳаррир дар «Омўзгор» 13 сол фаъолият намуд. Фаъолияти рўзноманигории ў дар нашрия пас аз хатми ДМТ оғоз ёфта, дар вазифаҳои гуногун (мухбири қаторӣ, мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир) кор кардаву таҷриба андўхтааст ва ин барояш имкон фароҳам оварда, ки солиёни зиёд ҳамчун роҳбари нашрия бомуваффақият кор кунад.

Давраи аз ҳама мушкил дар фаъолияти «Омўзгор» солҳои 1993-2001 ба ҳисоб меравад. Самиюлло Сайфуллоев менависад, ки «бале, тақдир дар он солҳо на танҳо барои ҳафтанома, балки тамоми ҷумҳурӣ хеле вазнину сангин ин нашрияи бонуфузро ба зиммаам гузошт. Он солҳо, ки ҳафтанома, чи аз нигоҳи молиявӣ ва чи таъминот бо коғазу дигар маводи зарурӣ танқисӣ кашида, сабаби дар бисёр манотиқи ҷумҳурӣ ба маънии том амал накардани мактабҳову дигар муассисаҳои маориф теъдоди обуначиён низ хеле коҳида буд, худи масъалаи мавҷудияти «Омўзгор», яъне минбаъд арзи ҳастӣ кардан ё билкул аз байн рафтани он бо қатъияти тамом дар миён меистод. Сад шукр, ки ҳафтанома аз ин имтиҳони замон бо сарбаландӣ гузашт» (Сайфуллоев, С. «Омўзгор» ҳафтаномаи қаҳрамон аст / С. Сайфуллоев // Омўзгор. – 2012. – 12 октябр). Дар ҳақиқат, «Омўзгор» дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ мисли баъзе нашрияҳои дигар аз фаъолият намонд, пурра ҳам набошад, ҳамасола чоп шуд. Соли 1994  бист шумора, соли 1995 се шумора, соли 1996 нуҳ шумора ва соли 1997 бист шумора аз чоп баромадааст. Бо роҳбарии  Самиюлло Сайфуллоев ва кўшиши кормандони эҷодӣ Сайдаҳмад Қаландаров, Темур Отахонов, Мирзо Боқӣ, Ҳикмат Раҳмат, Дорои Дўст, Ҷамол Абулҳаев, Эҳсон Субҳонов, Аҳлиддин Исоев ва дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Омўзгор» фаъолияташро идома дода, то андозае талаботи аҳли маорифро ба иттилооти дуруст таъмин намуд.

Дар ин давра мундариҷаи «Омўзгор»-ро асосан мазўъҳои муҳими вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, масъалаҳои забону адабиёт ва худшиносию худогоҳӣ ташкил дода, навиштаҳои таҳлилӣ зери рубрикаҳои «Маслиҳати методӣ», «Наврас ва қонун», «Мулоҳизаҳои олим», «Проблема ва мулоҳиза», «Кўдакистон – зинаи аввали таҳсилот», «Баҳс ва андеша» чоп шудаанд. Дар ин радиф метавон навиштаҳои муаллифон Ҳ. Искандаров, М. Насриддинова «Омўзгор огоҳ бошад», Акбари Турсунзод «Бародар зи хуни бародар ба дард», Т. Отахонов «Акнун адабиётро дигаргуна дарс диҳем», С. И. Каримов «Дар илм ҳила худфиребист ё кўргиреҳҳои имтиҳони қабул», Ҷамила Раҳимова «Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам…», Маҳмуд Маликов, Ҳасан Дўстзода «Ҳақро бигў, агарчи талх бошад», Турдибону Бердиева «Забони тоҷикӣ кай ташаккул ёфт?», Мансур Бобохонов, Ўктам Пўлодов, Ҳайдаршо Пирумшоев «Таърих пурра бошад» ва ғайраро метавон номбар кард. Вобаста ба мушкилоти молиявӣ солҳои 1994-2005 ҳаҷми «Омўзгор» аз 16 саҳифа ба 8 саҳифа ихтисор карда шуд. Бо дастгирии Вазорати маориф  аз соли 2001 теъдоди нашр рў ба афзоиш ёфта, ба 5 ҳазору 200 нусха расид.

Соли 2006 ба вазифаи сармуҳаррири нашрияи «Омўзгор» М. Бобошоев таъйин мешавад. Ў ҳам дар давраи кори хеш баҳри таҳкими фаъолияти ҳафтанома кўшишҳои зиёд ба харҷ дод. Яке аз усулҳои роҳбарии ў тозакорӣ, навоварӣ ва мустақилият дар фаъолият буд. Дар ин маврид мактабшинос Ҳ. Искандаров навиштааст: «Кори хуби ў (М. Бобошоев – Н.Н.) дар ташкили саҳифа ва рубрикаҳои гуногун, ҷалби муаллифони маҳаллӣ буд» (Искандаров, Ҳ. Рўзномае, ки муҳаббат ба он беҳудуд аст // Ҳикмати рўзгор / Ҳ. Искандаров. – Душанбе: ЭР-граф. – 2018. – С. 475).

М. Бобошоев аз хотироти хеш чунин менависад: «Хотироти ман аз «Омўзгор» андак нест, аз ҳамкорон, ки коллективи хуберо ташкил мекарданд, аз меҳнатдўстӣ ва зарофатгўйии онҳо, аз  он ки омўзгорони кишвар метавонистанд аз «Омўзгор»  чун минбари баёни андеша, воситаи дарёфти маводи зарурӣ истифода намоянд» (Бобошоев, М. Манбаи ифтихори ман / М. Бобошоев // Омўзгор. – 2012. – 12 октябр).

Бо дарёфти имкониятҳои молиявӣ аз оғози соли 2006  кормандони ҳафтанома зиёд мегарданд ва ҳамчунин нашрия дар ҳаҷми 16 саҳифаи муқаррарӣ интишор мешавад. Соли 2014 теъдоди чопи нашрия ба беш аз 30 ҳазор нусха расид. Тавре муҳаққиқ М. Муродов таъкид мекунад: «Зиёд гардидани саҳифаҳои нашрия доираи мавзўоти ҳафтаномаро васеъ намуда, имкон фароҳам овард, ки дар он инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва адабии кишвар нисбатан пурра гардад. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи ҳафтанома ба фаъолияти муассисаҳои алоҳидаи тобеи Вазорати маориф, муваффақият ва камбудиҳои онҳо, таҷрибаҳои пешқадами омўзгорони варзида, дастовардҳои навини илми педагогика ва амсоли ин нисбатан бештар гардидааст» (Муродов, М.Б. Рисолати «Омўзгор» // Аз се шохаи як илм / М. Б. Муродов. – Душанбе: Истеъдод, 2014. – С. 69).

(Давом дорад)

Ноилшоҳ Нурализода,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш