Нашрияи Омӯзгор

Зиҳӣ, истиқлоли тоҷик!

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Ҷашни истиқлол дорӣ Меҳанам,

Ман зи шодӣ сар ба гардун мезанам,

Гарчи будӣ солҳо дар истило.

Эй Ватан, озод ҳастӣ ҳолиё,

Кишвари поки ниёгони манӣ,

Ёдгори Оли Сомони манӣ.

Зарраи хокат зи тилло беҳтар аст,

Қатраи обат бароям гавҳар аст.

Дўст дорам кўҳу саҳрои туро,

Чашмаҳои софу дарёи туро.

Шукри озодии кишвар мекунам,

Шукри ободии кишвар мекунам.

Пешворо шукр – доною далер,

Вориси Ҷамшеду Сому Ардашер.

Эй Ватан, эй хуни рагҳои танам,

Ҷонфидои марзу буми ту манам.

Ҳастии ман, сарвати ман, ҷони ман –

Доимо поянда монӣ, эй Ватан!

Саид Азизмурод,

омўзгори МТМУ №14,  шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш