Нашрияи Омӯзгор

Сулҳу амонӣ  неъмати бебаҳост

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола мо, омўзгорон, бо шурўи соли нави таҳсил дар машғулияти аввал ба шогирдон дар бораи марҳалаҳои ба истиқлол расидан ва  созандагию ободкориҳо дар ҷумҳурӣ, ки ба василаи сулҳу ваҳдат ба даст омадааст, ҳарф мезанем.

Ба хонандагон тавзеҳ медиҳам, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мардум осон муяссар нагардидааст. Халқи азияткашидаи тоҷик ҷанги фоҷиабори дохилиро аз сар гузаронида, ба азобу маҳрумиятҳо дучор гардид. Хатари пароканда шудану аз байн рафтани кишвар аёнӣ ба чашм мерасид. Дар ҳамин вазъият шахсе ба арсаи мубориза ворид гардид, ки сукони давлатдориро ба даст гирифта, киштии ғарқшудаистодаи мамлакатро беосеб ба соҳил баровард. Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон, ҷавонмарди соҳибиродаю ҷасур, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо ба ин вазифа интихоб шуданашон дар як муддати кўтоҳ мардумро сарҷамъ созанду фирориёнро аз хоки Афғонистон ба ватан бозгардонанд. Ҳамин тавр, марҳала ба марҳала мамлакат обод ва мардум дилшоду хуррам гардида, корҳои созандагӣ дар кишвар вусъати тоза пайдо намуд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлатро, қабл аз ҳама, соҳаи маориф, ки заминаи устувори рушду пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад, ба худ ҷалб намуд. Бунёди мактабҳои нав, ба роҳ мондани ислоҳоту навсозиҳо ҷиҳати пешбурди низоми таълиму тарбия, қабули барномаҳои давлатӣ, аз қабили компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, хариди асбобу таҷҳизот ва ташкили кабинетҳои синфию озмоишгоҳҳо, омўзиши забонҳои хориҷӣ (англисию русӣ) ва амсоли инҳо ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар тўли 30 соли истиқлол зиёда аз 3000 мактаби нав сохта ба истифода дода шуда, танҳо соли равон дар арафаи ин ҷашни таърихӣ 217 муассисаи таълимӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ҳаракати олимпӣ вусъат ёфта, дар самти дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз ҷониби марказҳои рушди соҳибистеъдодҳо корҳои назаррасе анҷом дода шуданд. Хонандагони таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ на танҳо дар озмунҳои фаннию даставии сатҳи кишвар, балки байналмилалӣ муташаккилона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои аввал ва медалҳо гардиданд. Бо дастгирию иқдоми Хукумат ва давлат, Вазорати маориф ва илми кишвар дар низоми таълимӣ усули муносибати босалоҳият ба таълим роҳандозӣ гардида, самараи нек дода истодааст. Ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳо натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, маҳз бо иқдомҳои ватандўстонаи Ҷаноби Олӣ соҳаи маориф ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид.

Хидмати Сарвари давлат дар масъалаи худшиносию тарбияи эҳсоси волои ватандўстии  насли  наврас барҷаста буда, арҷгузорӣ ба бузургони аҳли адаб, шоирону нависандагони гузаштаи тоҷик, дар ин замина, таҷлили солгарди ин бузургон мактаби омўзанда ва тарбиявӣ ба шумор меравад.

Воқеан, сулҳу амонӣ неъмати бебаҳо буда, имрўз дар фазои дўстию ваҳдат ва якдилӣ халқи тоҷик кору зиндагии хешро ба роҳ монда, шукронаи давру замон мекунад.

Зоҳира РАҲМАТОВА,

омўзгори МТМУ №76-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш