Нашрияи Омӯзгор

Рамзи бақои миллат

Сана: 2021-09-13        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Истиқлол бузургтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки он силсилаи воқеаю рўйдодҳои муҳиму тақдирсозро дар бар гирифта, ҳамагонро баҳри иҷрои вазифаҳои пурифтихор, мураккабу пурмасъулияти таърихӣ-бунёди давлати мутамаддину давлатдории нави  ҷавобгўй  ба манфиат ва ниёзҳои мардуми Тоҷикистон роҳнамун месозад. Маҳз истиқлол имкон дод, ки мо Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.

Дар таърихномаи ҳар халқу миллат, рўйдод, дастоварду саҳифаҳои сабақомўз ва пурарзише  ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо дар тўли садсолаҳо ҳамчун сарвату арзишҳои миллӣ ҷовидон монда, мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ  ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфтҳои гаронбаҳо  ҳидояту роҳнамоӣ месозанд. Чунин саҳифаи заррин дар китоби таърихи муосири миллати тоҷик 9-уми сентябр  ба ҳисоб меравад, ки мо онро  натанҳо рўзи Истиқлоли Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи эҳёи марҳилаи нави давлатдорӣ азизу арҷманд медонем. Дар ин рўзҳои хушу гуворо бо камоли хештаншиносиву номуси ватандорӣ, моҳият ва арзиши таърихии истиқлолу ҳастии давлатамонро бояд эҳсосу дарк кунем. Ва ба қадри муқаддасоти миллӣ, арзишҳои истиқлол, сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ ва якпорчагии  Тоҷикистон  расем.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як давлату ҷомеа дар давраи муайяни тараққиёташ  ба мушкилию душвориҳо ва буҳронҳои сиёсию иқтисодӣ дучор мегардад. Тавре ки маълум аст, баъди расман пош хўрдани Иттиҳоди  Шўравӣ марҳилаи нави иқтисодӣ ва сиёсии собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ оғоз гардид. Ва дар рўзҳои аввали расидан ба истиқлол  тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон  низ ба буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавӣ  гирифтор шуд.

Ҷумҳурӣ ба вартаи касодии иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор гашт. Рушду инкишофи тамоми соҳаҳои халқи ҷумҳурӣ боздошта шуд. Доираҳои муайяни бадхоҳу ғаразнок бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Доман густурдани фоҷиаи миллӣ гўё кайҳо барои аз байн бурдани ин миллати қадимаю соҳибфарҳанги Осиёи Марказӣ тарҳезӣ шуда буд. Фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар он солҳо дар Тоҷикистон тарафҳои даргир ва ҳимоятгаронашон чунон сохта буданд, ки касе агар аз сулҳу салоҳ сухан оғоз мекард, ё хоин эълон мешуд, ё кушта мегардид. Ҳукумати бо ном Мусолиҳаи миллӣ, ки ба буҳрони шадиди сиёсӣ гирифтор шуда буд, нияту мақсадҳои неки мардуми адолатхоҳро дарк кардан намехост.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Истиқлол ба мо хеле осон ва сабук насиб шуд, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки мо ба қадри ин ҳадяи тақдир нарасидем ва Тоҷикистон ба ҷанги хонумонсўзи ҳамватанӣ кашида шуд». Ягона умед дар он вазъияти хавфноку ногувор ва мураккаби сиёсӣ баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии хунрезӣ ба таъҷилан даъват намудани Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Тоҷикистон вобаста буд. Хушбахтона, Иҷлосияи ХУ1  Шўрои Олии Тоҷикистон саҳифаи навро дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз намуд. Он ба давраи бесарусомонӣ, кашмакашҳо хотима дода, давлатамонро аз вартаи фалокатбор наҷот дод ва дар самти ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод.

Бо вуҷуди мусибату ноҷўриҳои зиёд ва дучори кашмакашҳои сиёсиву ноадолатиҳои замон гардидан, ин халқи азиятдида тавонист, монеаҳои зиёдеро паси сар карда, боз соҳиби давлати мустақил шавад. Тоҷикистон аз 2 -юми марти соли 1992 то ба ҳол узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид буда, сиёсати хориҷию дохилӣ ва муносибатҳои дипломатиро мустақилона пеш мебарад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин муддати начандон тўлонӣ  дар зери сиёсати хирадмандонаи  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистон рушд ёфта,  ба яке аз давлатҳои тараққиёфтаи  минтақаи Осиё  табдил ёфт. То ба имрўз марҳалаи бисёр мураккаби эҳё ва барқарорсозии давлатдории миллӣ ва дигар масъалаҳое, ки хоси ин давра буданд, ҳал гардидаанд.  То кунун дар ҷумҳурӣ беш аз 900 қонун таҳия ва қабул шудааст, ки  нишонаи рушди қонун ва қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Алҳол, рушду нумўи қонунгузории давлати Тоҷикистон ва такмили механизми татбиқи ҳаррўзаи онҳо, барои пешрафти ҳаёти иҷтимою иқтисодӣ,  баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, танзими оила, илму фарҳанг ва барои бо тадриҷ амалӣ сохтани ҳадафҳои давлати демократӣ-ҳуқуқбунёд равона  шуда истодаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлолро  беш  аз  150  давлати дунё ҳамчун давлати озоду демократӣ ба расмият шинохта, сиёсати пешгирифтаи онро эътироф  менамоянд. Мамлакат бо зиёда аз 100 кишвари дунё  робитаҳои тиҷоративу хориҷӣ барқарор намуда, аз ҷумлаи узви комилҳуқуқи тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, дар масъалаи ба  расмият даровардани ҳамаи муносибатҳо, санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ-миллӣ ва байналмилалӣ  ба шумор меравад.

Айни ҳол, сиёсати сулҳҷўёна ва сулҳпарваронаи Роҳбари давлатро на танҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ карда, пешниҳодҳояшонро дар рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати хеш истифода бурда истодаанд. Вале муҳим он аст, ки тавассути андешидани тадбирҳои зарурӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ ва халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ гардидааст.

С. Самадӣ,

мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии ДҶТИБКСМ,

Ҳ. Ҳалимова,

омўзгори калони ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш