Имрўз ҳама шодем аз шавкати Истиқлол,
Хушбахту ҳам озодем аз давлати Истиқлол.
Ин чеҳраи хандон бин, ин хони пур аз нон бин,
Ин бахти худода аз неъмати Истиқлол.
Аз хуррамии манзил шодӣ бирасад бар дил,
Осонии ҳар мушкил аз қудрати Истиқлол.
Коми ману ту ширин аз қанду асал набвад,
Ширин шуда коми мо аз шарбати Истиқлол.
Ин боду ҳавои хуш, бўйи хушу рўйи хуш
Имрўз расад бар мо аз накҳати Истиқлол.
Сарсабзу сарафрозем, гулчеҳраву гулбозем,
Ҳар лаҳза ҳаменозем аз шуҳрати Истиқлол.
Шукронаи ин кишвар, шукронаи ин Сарвар,
Шукрона ҳамесозем аз неъмати Истиқлол.
Насими ЗАМОН,
омўзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №45-и ноҳияи Рўдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр