То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Турсунзода сохтмони 40 иншооти аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ дошта ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 10 ададаш дар арафаи ҷашни 27 –солагии Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз намуд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 252 миллиону 234 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ маҳсулот зиёд истеҳсол намудаанд.
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр