Ҳо, ҳамин гуна давроне фаро расид. Ҷанге, ки сар заду башиддат доман густурда, тамоми манотиқи ҷумҳуриро фаро гирифт, муаллимро побанди андеша кард. Ононе, ки ба даст силоҳ гирифта, алорағми ҳамқавму ҳаммиллати худ бераҳмона ба мубориза бархостанд, ҳеҷ тааммулу фикри зиёд накарданд, ки ин бедодгарию зулму тааддӣ ба хотири кадом аҳдоф сурат гирифта, лаҳзае ба лаҳза оташи алангааш баландтару баландтар афрўхта мешавад.
Наандешиданд, ки дар ин сангаргириҳо киҳо заҷру азоб мекашанду киҳо кушта мешаванд. Аслан, фикр мекард муаллим, раҳбарони вақти Ҳукумати кишвар, ки аз давру замон ва тағйироту дигаргуниҳои азими сиёсӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифта буд, фарсахҳо қафо монда буданд. Зеҳну тафаккурашон банди ҳамон қолаби шахшудамондаи роҳбарии аз қавле «аз боло чӣ мегўянду чӣ мефармоянд?» буд ва вазъи баамаломадаро ҳеҷ дарку фаҳм намекарданд, ки ҳамакнун онҳо ба давлате сарварӣ мекунанд, ки озоду мустақил аст ва эшон бояд бо диди нав ба равандҳои сиёсии базуҳуромада муносибат кунанд. Аммо на! Онҳоро шояд хаёли хоме дар мағз чарх мезад, ки ин ҳама кинситезию пархошҷўие, ки байни ду майдон рўзафзун шиддат мегирад, оҳиста - оҳиста хомўш мешаваду маҳв. Ва ин ҳама хаёлпардозӣ бо ҳеҷ тасмимгирию қадаме сўйи мардум ниҳодан, бо аз дур мушоҳида кардану фурсатеро мунтазир шудан, ки баҳсу бигў-магўҳо ва ҳамдигарро сақату носазо гуфтанҳо худ ба худ анҷом мепазирад? Ва онон аз дафтарҳои кории худ берун намеоянду ингуна ба роҳат вазифадорӣ мекунанд. Иллату нуқси давлатдории онон реша дар омили аз мардум дур будан дошт. Бо мардум аз наздик суҳбат оростан, дарди дили онҳоро гўш кардан, мушкилашонро дар мағзи дилу ҷон эҳсос намудану баҳри ҳалли ин мушкил гомҳои устуворона гузоштану чораҳои муассиру мушаххас андешидан. Он Ҳукумату сарваронаш иродату талоше аз худ зоҳир накарданд ва мардумро дар гирдоби воқеаҳои фалокатбору фоҷиаҳо тани танҳо, рў ба ҳаволаи тақдир гузоштанд, зеро аз санъату лаёқати ҳукуматдорию сарварӣ бенасиб буданд. Ғафлатзадагоне буданд, ки бо шурўъ ва авҷ гирифтани ҷангҳои хонабарандоз ангушти афсўсу надомат газиданд, аммо кор аз кор гузаштаву дар пешгирии сели оташбори ҷанг дигар ҳеҷ амалеву ҳаракате суде надошт. Таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ охирин абзору васила ва имконоти ба сулҳу салоҳ ва оштӣ оварадани ҷонибҳои даргир маҳсуб меёфт, вале самару натиҷае набахшид, чун ин Ҳукумат аз манофеи кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ дифоъ карда натавонист. Аммо ҷанг шиддат мегирифт, қурбониёни набардҳо меафзуданд. Ва ононе, ки ба сари якдигар теғу силоҳ бардошта буданд, инсонҳои гўё соҳибақлу бафаҳм, парвардаи замони Шўравӣ ҳисоб меёфтанд. Чаро чашмашонро пардаи мавҳуми ҷаҳлу бедод ва бераҳмӣ гирифтааст, меандешид муаллим. Чаро қасду кина, бадбинӣ, аз худ қаҳрамон тарошиданҳо ва боз ким - кадом мақсадҳои норўшани рўъёӣ дар таҳтушшуурашон лона мондааст? Тайи солҳои охири даврони Ҳукумати Шўравӣ дар тарбияти насли наврас чӣ нуқсу норасоие ҷой доштааст, вагарна инҳо, ки созандагони ҷомеаи босаодате ба исми «коммунизм» буданд, набояд (ва ин ҳеҷ имкон надошт!) якуякбора ва ба гунаи даҳшатангез гиребони ҳамдигар мегирифтанду дар даст силоҳ. Насиҳату андарзи уламову удабо низ таъсирпазиру корагар наомад. Чаро? Банди ҳайрат ва суолу пурсишҳои бесару нўг муаллим субҳ роҳ ба сўйи шаҳр мегирифт, то барои аҳли хонадонаш нон ёфта орад. Ноне, ки ба қимати ҷон баробар шуда буд. Аз роҳу барзан ва хиёбонҳои пойтахт бўйи сўхтаву дуд меомад ва садои мусалсали тир. Роҳбарон куҷо шуданд, воизони минбарҳо оё ба қаъри замин фурў рафтанд? Магар як кишвари замоне ободону шукуфон ҳамин гуна бесоҳиб мемонад? «Не, ин тавр набояд бедодӣ идома ёбад, - аз дил мегузаронд муаллим. Ақли пуртадбир дер ё зуд бар ҷаҳли мураккаб тасаллут хоҳад ёфт. Вале то он рўзҳои неку саодатбор вақти зиёде дар пеш буд. То он қуллаи мурод азобҳои зиёдеро пушти сар мекунанд мардум.
Муаллим амиқу равшан дар ёд дорад, ки гоҳ-гоҳе перомуни ояндаи авзои кишвари ҷангзада ва мардумонаш гирифтори мусибат бо ҳамдеҳагон сарироҳӣ суҳбат меоростанд. «Ин ҷанг поён меёфта бошад? Агар ҳамин хел вазъият давом биёбад, монанди Афғонистон хоҳад шуд мамлакат. Ё пора - пора тақсим шуда аз байн меравад давлат. Ҳай дареғ, ку говҷигару шердиле мисли Рустами Дастон? Наход бозичаи дасти аҷнабиёну мутеи нокасон гардем? Чӣ рўзҳои сиёҳ, номаълум аст поёни роҳ».
Муаллим азобҳои беҳадду ҳисоберо паси сар кард ва аммо навмеду шикастадил нагардид. Аз ҳама асосӣ мактабро тарк нагуфт, бо он ки моҳҳои тўлонӣ маош намегирифтанд. Ҳо, он рўзи файзбор оқибат фаро расид, Ҳукумати нав бо сарвари Раиси Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Вале ҳама чиз аз даст рафта буд. Ҳатто пул вуҷуд надошт. Аммо иродату собитқадамӣ, азми росих, боварӣ ба ояндаи неку дурахшон дар дилҳо оташи умед барафрўхта буд. Муаллим аз рўзҳои нахустин эҳсос кард, ки Роҳбари нави ҷумҳурӣ воқеан, ҷонфидои мардум аст, дар сар ҳавои фикру хаёли манфиатҷўёнаи дигар надорад. Агар ҳамин тавр намебуд, сараввал ба назди мардуми навоҳии наздисарҳадӣ қадам ранҷа намекард. Бо мардум будан, ба дарди дили эшон гўш фаро додан, бо фикри ин мардум шабро бо чашми бедор ба субҳ расондан, ин аз хисоли ҷавонмардонаи роҳбарӣ ҳисоб меёфт. Ингуна, баъдҳо, марҳала ба марҳала ҳаёт нишон дод, ки сарвари замони нав будан амали саҳлу осон нест. Мамлакатро аз гирдоби фалокатбори ҷанг берун кашидан, сулҳу ваҳдатро таҳким бахшидан, харобаҳоро обод кардан, корҳои созандагиро вусъат бахшидан ва амсоли ин ҳама амалҳо аз санъату мактаби роҳбарии навин дар таърихи давлатдории тоҷикон башорат медиҳад. Муҳимтарину барҷастатарин амали Пешвои миллат, дорои эҳсоси баланди миллӣ будани он кас мебошад. Тоҷикӣ сухан гуфтан аз минбарҳои баланди ҷаҳон, ҳамвора дар байни мардум будан, хоксорию фурўтанӣ, иродату эътиқод, ҷасорат, эътимод ба ояндаи дурахшони ватан доштан ўро маҳбубу азизи дилҳои мардуми одӣ гардонидааст. Воқеан, меандешад муаллим, бо аз байни рафтани давлати абарқудрати Шўравӣ, шурўи ҷангҳои дохилӣ, таҳдиду хатари бар боди фано рафтани кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон, дар заминаи холӣ ҷумҳуриро соҳибӣ кардану зина ба зина рушд бахшидан кидори рустамона аст. Тавсифу ситоиши дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шояд ҷилд – ҷилд китобро ташкил кунад. Ободӣ, пешрафт, созандагӣ! Магар ин воқеият нест? Воқеияти ибратомўз аст барои имрўз ва наслҳои оянда. Аз ин рў, бояд ба қадри ин ҳама дастоварду музаффариятҳо расид. Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкиду хотиррасон мекунад, бояд аз ин саодатрўзиҳо шукргузор буду зиёдаравӣ нашояд кард. Ҳаводису рухдоди солҳои охир дар Осиёи Марказӣ ва мамолики Шарқи Наздик, Ироқу Афғонистон аз он мегўяд, ки сулҳу озодӣ ва мустақил будан воқеан ҳам, неъмати гаронбаҳост. Дигар набояд ба дасисаю иғво мувоҷеҳ гардида, оташи ҷанги нав барафрўхта шавад. Нолаю фиғони модарону тифлон, оворагию сарсонии мардону ҷавонон, рўзҳову моҳҳо дар талаби пораи нон бечораю нотавон будан чун рўъё ва кобусе бигузор дар авроқи таърих бимонад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр