Нашрияи Омӯзгор

Эҳёи таърихи миллат

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Сӣ соли гузашта дар таърихи навини Тоҷикистони озод солҳои пешрафт, шукуфоӣ ва мавқеи ҷаҳонӣ ёфтани давлати ҷавонамон ба ҳисоб меравад. Сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки таърихи ибратбахшу бостонии мо эҳё гардад. Дар заминаи эҳё кардани таърих, сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон ҳам баланд гашт. Бузургтарин ва ифтихорангезтарин чорабинии таърихи навини миллат таҷлил кардани 1100-солагии давлати Сомониён аст. Баъди ҳазор сол ин иқдом халқи моро боз бо гузаштаи ифтихорбахши ниёгон бипайваст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд, ки бе амиқу огоҳона омўхтани таърих худшиносу ватанпарвар шудан мумкин нест. Танҳо фанни таърих метавонад, ки дарахти маърифат ва худогоҳии мардумро об диҳад ва борвар гардонад.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати омўхтани гузаштаро дар Паёми имсолаи ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироакардаашон таъкид намуданд: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омўзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандўстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон кардааст, рў овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад».

Мо, тоҷикони асри 21, инсонҳои хуштолеъ ва соҳибсаодатем. Дар ихтиёри худ ганҷинаи бузурги адабиёту ҳунар ва таърихро дорем. Даҳҳо асари таърихии аз олимони бузурги таърихшиноси тоҷику форс боқимонда, на танҳо барои миллати мо, балки барои ҷаҳониён ҳам муфид аст. Китобҳои «Таърихи Табарӣ», «Таърихи ҷаҳонкушой», «Сиёсатнома», «Шоҳнома», «Таърихи Бухоро», Таърихи Байҳақӣ», «Таърихи гузида», «Бадоеъ-ул-вақоеъ», «Наводир-ул-вақоеъ», «Туҳафи аҳли Бухоро», «Сафарнома» на танҳо доир ба рўйдодҳои Эронзамину Хуросон ва Варорўд, балки оид ба ҳамаи масъалаҳои таърихи асрҳои гузашта маълумот медиҳанд.

Яке аз шартҳо ва чораҳои таъсиргузор дар омўхтани таърихи миллат дар мактабҳо зиёд кардани соатҳои таълимии фанни таърихи халқи тоҷик аст. Барои ин кор мо ҳама гуна имконро дорем. Ифтихори мо бояд ифтихори ҳақиқӣ ва созанда бошад. Мо бояд аз доираи пиндори шахсии худ бароем. Қисмати худро бо қисмати миллату Ватан сахт бандем. Дар ин роҳи пуршарафу ифтихорангез нақши мактабу муаллим ниҳоят калон аст.

Хуршеда СОЛЕҲОВА,

омўзгори литсейи

инноватсионии «Душанбе»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш