Нашрияи Омӯзгор

Омўзиш ва такомули фанҳои табиатшиносӣ

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Истиқлоли миллӣ дастоварди муҳими таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад, ки аз ҳастии он 30 сол сипарӣ мешавад. Шояд дар назди таърих 30 сол фосилаи зиёде ба шумор наравад, аммо таваҷҷуҳ ба ин марҳилаи муҳими ташаккулёбии халқи тоҷик баёнгари он аст, ки воқеан, Тоҷикистони азизи мо дар давоми ин фурсати начандон тўлонии таърихӣ ба дастовардҳои бузурге дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мушарраф гардид.

Дар масири истиқлоли миллии Тоҷикистон аввалин  дастоварде, ки арзиш ва аҳамияти он камтар аз истиқлол нест ва марҳилаи нави тараққиёту рушдро таъмин намуд, расидан ба сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад, ки маҳсули талошу кўшиш ва корномаҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барҳақ, ваҳдати миллӣ заминаҳои таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва маънавии мардуми тоҷикро фароҳам овард.

Натиҷаи  талошу кўшишҳо буд, ки аз солҳои аввалини навадуми асри гузашта, новобаста ба мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ рушди илму маориф, мактабу муассисаҳои маърифатиро самти афзалиятноки сиёсати хеш шуморида, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги ташаккули савод ва маънавиёти насли наврас иқдомоти шоистаро амалӣ карданд. Дар баробари таваҷҷуҳи махсус ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас, ба масъалаи ташаккули тафаккури техникӣ, зебоишиносӣ, омўзиши ганҷинаҳои нодири табиати Тоҷикистон, истифодаи босамари гиёҳҳои шифобахши кишвар дар таъмини тарзи ҳаёти солим низ аҳамияти махсус зоҳир  мегардад.

Муҳимтарин тадбире, ки дар ин самт барои ташаккули фанҳои табиатшиносӣ андешида шуд, эълони солҳои 2020 - 2040 – “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мебошад. Дар заминаи эълони барномаи мазкур ҳоло тадбирҳои муҳиме аз сўи Пешвои миллат андешида шуда истодааст, ки ҳамагӣ рушди фанҳои табиатшиносӣ, мусоидат ба ташаккули зебоишиносӣ ва омўзиши табиати нотакрори мамлакатро дар пай доранд. Мусаллам аст, ки яке аз рукнҳои муҳими тарбияи ватандўстӣ, дўст доштани табиати нотакрор, омўзиши ёдгориҳои табиӣ, тарғибу ташвиқи мероси бузурги олами набоботу ҳайвоноти кишвар ба шумор меравад, ки расидан ба ин ҳадафҳои бузург аз таълими дурусти фанҳои табиатшиносӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ оғоз мешавад. Ҳоло дар ин замина тадбирҳои муҳим аз ҷониби омўзгорону олимони соҳаи илмҳои табиатшиносӣ андешида шуда истодааст ва татбиқи амалии барномаи бузурги Бистсолаи омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ имконият фароҳам хоҳад овард, ки насли наверо дар рўҳияи шинохти арзишҳои дигари даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла, маърифати ёдгориҳои беназири табиӣ, аҳамияти муҳими ҳифзи табиати атроф ва ба наслҳои оянда интиқол додани мероси табиати моро иҳотанамуда, такмилу таҷдиди муҳит, омўзиши олами нотакрори набобот ва афзудани намунаҳои мухталиф ва нодири растаниҳои муфид ва гиёҳҳои шифобахш тарбия мекунад. Насле, ки воқеан, насли даврони истиқлоли миллии Тоҷикистон буда, дастовардҳои ин даврони шукўҳманди таърихиро барои имрўзу фардои ободу озоди кишвари азизи хеш тарғиб мекунад ва баробари ин саъй хоҳад намуд, ки дар канори маърифати афзуни табиати нотакрори Тоҷикистони азизи хеш дар ташаккули таълиму омўзиши фанҳои табиатшиносӣ саҳм гирифта, аз ин роҳ ёдгориву боигариҳои табиати кишвари соҳибистиқлолии хешро афзун мегардонад.

Банда ҳамчун омўзгори фанни мазкур дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон кору фаъолият дорам. Бояд гуфт, ки мактаби мазкур дар баробари дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол будан, аз ҷумлаи муассисаҳои таълимие ба шумор меравад, ки дар татбиқи муваффақонаи соҳаи маорифи кишвар саҳми босазо мегузорад. Сол аз сол афзудани дастовардҳои  хонандагони мактаби мазкур далели равшани он аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат, омўзгорону хонандагони мактаб баҳри пешрафти соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт талошу кўшиш менамоянд. Самараи ин талошу кўшишҳо аз рўи натиҷаҳои фаъолият, аз ҷумла, иштироки хонандагони муассиса  дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 6 медали тиллои хатмкундагон дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ  бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун беҳтарин муассисаи таълимӣ эътироф гардидани мактаби мазкур дар қаламрави вилоят мебошад, ки аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд ин дастовард қадрдонӣ гардид.

 

М. НУРОВ

омўзгори биологияи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш