Нашрияи Омӯзгор

Истиқлол – рушдбахши соҳаи маориф

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омўзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд!

Имрўзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукўҳу шаҳомати хосса ва бо дастовезҳои муносиб ҷашн мегиранд. Дарвоқеъ, истиқлол барои ҳар яки мо неъмати бебаҳост ва он ифодагари озодӣ, худшиносӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатист. Боиси ифтихор аст, ки мардуми сарбаланду шарафманди мо 30 сол муқаддам баорзую ормони ҳазорсолаи гузаштагони хеш бо номи истиқлол дар кишвари азизамон – Тоҷикистон соҳиб гардид.  Зери роҳбариву роҳнамоии хирадмандонаи меъмори истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон ба як сарзамини озоду ором, пешрафту мутамаддин табдил ёфт. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии осоиштаву озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Ифтихорманд аз он ҳастем, ки тавассути сиёсати оқилона ва пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон низоми давлатдории ҷавобгў ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд омад, ки барои рушди муназзам ва устувори кишвари азизамон заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар ҳамин замина истеҳсолот рушд ёфт ва иқтисодиёти мамлакат пеш рафт.

 Дар ин раванд, бешубҳа, дар сиёсати давлатӣ дар мадди аввал ва самти арзишманду афзалиятнок гузоштани соҳаи маориф аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифатию фарҳангӣ дошта, баҳри инкишофу рушди ҷомеа таҳаввулоти ҷиддиеро ба вуқўъ пайваст. Ба тадриҷ мақом ва мартабаи низоми муосири маориф ҳамчун меъёри асосии пешрафту дигаргунсозии ҷомеа ва рушди мамлакат афзуда, омили муҳими пешрафти иқтидори иқтисодиёт ва амнияти миллӣ мегардад ва ҷиҳати густариши таҳсилоти босифат, ҳамгироии низоми ягонаи таҳсилот, таъмини эҳтиёҷоти ҷомеа ва шахсият баҳри дарёфти донишу ҳунар мусоидат менамояд. Вобаста ба ҳамин ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд мегардад ва ислоҳоти низоми таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот раванди тозаву пурсамар мегирад.

Бо файзу баракати истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм давра ба давра ба дастоварҳои калон ноил гашт. Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот китобу маводи таълимӣ таълиф ва пешниҳод карда шуд, ки муҳтавои онҳо ба замони муосир мувофиқанд. Таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот, низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагону донишҷўён, таъсиси марказҳои инкишофи кўдакони синни томактабию марказҳои дарёфти рушди истеъдодҳо, инноватсионию технологӣ, илмӣ, озмоишҳгоҳҳо, нуқтаҳои маълумотдиҳӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба шакли нави идоракунӣ, таҳким бахшидани низоми такмили ихтисос ва хадамоти методӣ, вусъати ҳаракати олимпӣ таҳаввулоти ҷиддиро дар сатҳу сифати таҳсилот ва низоми маориф ба вуҷуд овард. Дар натиҷа дар робита ба ин ширкати хонандагони тоҷик дар озмунҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол афзуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ва ислоҳоти соҳаи маориф илова ба маблағҳои буҷетӣ маблағҳои грантӣ ва инвеститсиониро сафарбар намуд, ки барои ҳалли як қатор мушкилоти соҳа дар мамлакат ёрии амалӣ расонид. Умуман, дар давоми 30 соли истиқлол дар кишвари мо ҳар сол садҳо муассисаи таълимӣ бунёд ва аз нав сохта мешаванд, ки ин ҳама аз самара ва файзи Истиқлоли давлатӣ мебошад. Боиси фараҳмандист, ки имсол низ дар ифтитоҳи аксари муассисаҳои нави таълимии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ташриф оварда, бо суханрониву андешаҳои пурмуҳтаво аз нақши мактабу омўзгор, таҳсилу аз бар кардани илму дониш шуълаи меҳру муҳаббатро дар замири хонандагону донишҷўён, омўзгорон ва падару модарон боз ҳам фурўзон мегардонанд. Сарвари давлат ҳамасола дар Рўзи дониш – 1 сентябр чун анъана бо доираи васеи хонандагону омўзгорон Дарси сулҳро оғоз карда, ба онҳо барои фаъолияти минбаъдаашон маслиҳатҳои муфиду судманд иброз медоранд. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат моро водор менамояд, ки оид ба таъмини сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва озмоишию лабораторӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва омода намудани мутахассисони ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти кишвар ва арзишҳои волои миллӣ, инчунин, тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи худшиносӣ ва эҳёи андешаи бунёдии миллӣ, иштироки фаъоли қишрҳои гуногуни ҷомеа дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурўғи маърифат», амалӣ намудани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва иҷрои босифати стратегия, нақшаву консепсия ва барномаҳои давлатӣ кўшиш ба харҷ диҳем. Дар ин сурат мо метавонем барои боз ҳам таҳким ёфтани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми шоиста гузорем.

 Истиқлол ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандўст, бахусус, кормандони соҳаи маориф ва илм, хонандагону донишҷўён ва наврасону ҷавонон мебошад. Аз ин рў, ин сарвату неъмати бебаҳо барои ҳар яки мо азизу муқаддас буда, онро чун гавҳараки чашм бояд эҳтиром намоем. Бигзор, Истиқлоли давлатии кишвари азизамон то абад пойдору устувор бимонад ва бо шарофати он халқи тоҷик дар арсаи таърих ҳамеша ҷойгоҳи сазовору пурифтихор дошта бошад.

Тамоми ҳамватанон, устодону омўзгорон, шогирдону донишҷўён, падару модарони азизро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик намуда, ба онҳо дар таҳсилу кор пирўзиву пешравиҳоро таманно дорам.

Ҷашни Истиқлоли давлатии Ватани азизамон муборак, ҳамдиёрони азиз!

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш