Нашрияи Омӯзгор

Мукофотҳо ба кормандони соҳаи маориф

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

1-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ сурат гирифт, ки дар он Матлубахон Сатториён - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм ва як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.

Нахуст муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. Сатториён ҳозиринро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони соҳаи маориф ва шахсони содиқу обруманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо арзёбӣ мегардад.

Сипас, дар фазои тантанавӣ, барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи маориф Борисова Любов Ивановна-дотсенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия бо ордени “Дўстӣ”, Абророва Моҳира Ҳамидуллоевна - омўзгори литсейи инноватсионии “Душанбе”– и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Алиева Файзимо - омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33–и ноҳияи Сино, Бердиев Шоҳназар Пирназарович - мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Гадозода Мирзомурод - дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Давлатзода Фариддун Шералӣ - дотсенти кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Иматзода Лутфия Маҳмадулло - директори Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Исломова Зебинисо Мадисмоновна - мудири шуъбаи дуюми Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Каримзода Матлуба Латиф - мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, Коробкина Вероника Вячеславовна - директори муассисаи ғайридавлатии “Мактаби империяи дониш”– и ноҳияи Шоҳмансур, Носирзода Муқаддас Носир - мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, Одилбекова Лола Қиёбековна - мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, - Сафарзода Дилшод Ғанӣ - сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм, Сафарова Гулхоним Раҷабовна - муовини директори “Маркази таълимии занон - “Сарвар”, Тошпўлодов Маҳмадраҳим - омўзгори литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Ҳасанова Райҳонгул Гадоиевна - омўзгори литсейи инноватсионии “Душанбе”– и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Шарифов Мирзобек Мирзоевич - мудири кафедраи анатомия ва физиологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Шодиён Исматулло Раҳматуллозод - директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2021, №232 “Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ” ба Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи тахассусии Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳайдаров Фахриддин Наботович – сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Муҳиддинзода Қутбиддин Фозилдин – сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Расулзода Файзиддин Маҳмадраҷаб – сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи тахассусии Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи 3 дода шуд.

Дар идомаи чорабинӣ Шарипова Сурайё – мутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм, Сафаров Бахтиёр – мутахассиси барномаҳои компютерӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Сафаров Сангалӣ – мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, Адолати Қурбоналӣ – мутахассиси пешбари шуъбаи сифати таҳсилот бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

 

Бахтовар Сафаров,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш