Нашрияи Омӯзгор

Биҳишти ҷовидонӣ, Тоҷикистон!

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири даҳ асри охир дастоварди боарзиштарин ва волотарини миллати тоҷик аст. Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пайки саодату хуҷастаҳолӣ на танҳо мояи шону шукўҳи миллати тамаддунофари тоҷикон дар арсаи олам гардид, балки сарахбори кушоиши корҳои созандагӣ ва пешрафтҳои гунонгунҷабҳаи ҷомеа ҳам гашт.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммадини тоҷик мебошад. Он нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат, соҳибихтиёрию соҳибдавлатии тоҷикон аст. Ин дастовард дар таърихи давлатдории тоҷикон гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд буда, дар назди насли имрўза вазифаи пурмасъулияти таърихи гузашта аст, ки бунёди давлати мутаммадин ҷовобгў ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудааст: “Фарзандони фидоию бономуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро  талошҳои истиқлолхоҳӣ бурдаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Ҳатто талошу пайкори беш аз сисолаи Фирдавсӣ дар нигориши “Шоҳнома” намунаи олии ватандўстӣ ва истиқлолхоҳӣ буда, бо тасвири таърихи пурифтихори силсилаи подшоҳони Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён, Сосониён шукўҳу шаҳомати фарҳанги қадима ва оини давлатдории ниёгони моро фузуда, дами шамшери хунрези бегонагонро кунд сохт ва сафшиканони истилогарро бо тамаддуни чандинҳазорсолаи гузаштагони мо ошно намуда, миллати моро аз хатари порокандагиву нобудшавӣ раҳонд”.

Бо шукргузориҳои беандоза, имрўзҳо мо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комил истиқбол мегирем. Ҳамаи ин аз баракату роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ки кибру ғурури носозгорро ба ваҳдату созандагиҳо мубаддал сохт. Ин буд, ки дар як давраи начандон тўлонии таърих кишвари ба буҳрони сиёсию иқтисодӣ табдилёфтаро ба давлати рў ба тараққӣ табдил дода, ноумедиҳои зиндагиро бозпас гардонид ва ба рўҳияи мардум неруи тозаи созгор бахшид. Ба ниҳоли тозаистиқлоли давлат бошад, қатраҳои оби ҳаёт ато намуд. Ин хизматҳои Сарвари давлат дар назди таъриху миллат бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш хоҳанд баст.

Агар дар асрҳои пешин миллати тоҷикро чун донишмандони илму маърифат шинохта бошанд, пас, дар охири қарни бистум ва аввалҳои садаи бисту якум таҷрибаи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории моро барои кишварҳои даргири ҷаҳон намунаи ибрат ҳисобида, тибқи омўзиш қарор додаанд, ки нуфузи ин миллати сулҳпарвару ваҳдатпешаро дар арсаи ҷаҳонӣ беназир мегардонад. Дар ин айёми эҳёву ташаккули давлатдории навин ҳамқадами дигаргунию навоварӣ ва дастовардҳои беназири соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, рисолати бунёди ҷомеаи солим аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина, ҳамрадифи барномаву лоиҳаҳои мавриди амали самтҳои гуногуни ҳадафҳои стратегии кишвар садҳо тан мутахассиси соҳибтаҷриба тарбия ва бо воя расидаанд, ки имрўзҳо дар гўшаву канори кишвар хизмати содиқонаро ба ватану миллат анҷом медиҳанд.   

Мусаллам аст, ки Ҳукумати кишвар ва миллати сарбаланди тоҷик  дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба чор ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии миллии кишвар ба нақша гирифт. Ва ин ҳадафҳои стратегӣ бо мурури замон амалӣ  шуда истодаанд.     

Қайд кардан ба маврид аст, ки заковати азалии Роҳбари давлат сабаб гардид, ки як  қатор сохтори навини давлату давлатдории нав таҳия гардаду Тоҷикистон имрўз чун давлати пешрафта, биҳиштосо, сокинонаш соҳиби зиндагии шоиста, дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гарданд.

Моҳсафар ВОҲИДОВА,

Аълочии маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон, омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқи

мактаби №80, ноҳияи Ёвон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш