Нашрияи Омӯзгор

Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

8 сентябр дар толори Кохи Борбад ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тантанаи бошукўҳи идона бо ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони идораҳои давлатӣ, фаъолону собиқадорони ҷумҳурӣ, ҷавонон, намояндагони сершумори кормандони касбу кори гуногун ва сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон иштирок карданд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ истиқлоли давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон маънидод карда, аҳли толор ва мардуми кишвар, ҳамчунин кулли ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди 30-юми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронии пурмуҳтавои хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои тамоми соҳаҳо, шуруъ аз давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, барқарорсозии шохаҳои фалаҷгаштаи ҳокимият, қабули конститутсия ва рамзҳои давлатӣ, ислоҳоти соҳаҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум, интихоби самтҳои асосию стратегӣ ва қабули барномаҳои давлатии стратегии рушд андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ин рўзи босаодат, яъне ҷашни сисолагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст.

Ноил шудан ба ҳамаи ин дастовардҳоро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҳишу талошҳои мардуми тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар мансуб донистанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, авзои мураккаби сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон, таъсири он ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавқеъи ягонаву устувори Тоҷикистонро муайян карданд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон, кулли кишварҳои сайёра ва ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар қатъиян талаб карданд, ки нисбат ба тақдири мардуми ҷангзадаи афғон бетараф набошанд.

Дар охир Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику муборакбод гуфта, таъкид доштанд, ки бояд мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва давлати мустаъқили Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳамеша пос доранд.

Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон — истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем, таъкид намуданд Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барномаи рангини консертии устодони санъати тоҷик, ки таҷассумгари дастовардҳои мардуми шарифи тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ буд, хотима бахшид.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш