Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳи мақомот ба маориф меафзояд

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ  дар бораи дастгирӣ ба соҳаи маориф ва бунёду азнавсозиҳои муассисаҳои таълимӣ зикр намуд, ки дастаи мактаббачагони шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ (синфи 11, анъанавӣ) ба гирифтани 36 ва дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба 21 ҷой сазовор гардиданд. Дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои дақиқ барои синфи 5-8-ум 93 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, 51 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд.

Дар анҷоми нишаст раиси шаҳр аз раванди хуби ҳамкориҳои судманди журналистон изҳори қаноатмандӣ карда, онҳоро минбаъд низ ба ҳамкориҳои муттасил даъват намуд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш