Нашрияи Омӯзгор

Риёзидони навҷў

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Маҳмудов Шариф яке аз чеҳраҳои шинохтаи маорифи вилояти Хатлон буда,  панҷоҳ сол аст, ки аз фанни математика ба хонандагони ноҳияҳои  Вахшу Кўшониён дарс мегўяд ва шогирдони зиёдеро  ба камол расондааст.

Азбаски падараш омўзгор буд, барои Шарифи наврас ҳамаи шароитҳои хуби таҳсилро муҳайё намуда,  ба таълиму тарбияи ў зиёд аҳамият медод, бинобар ин, Шариф аз хурдсолӣ ба хондани китобҳои бадеӣ ва омўзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла, математика мароқи зиёд зоҳир мекард.

Баъди хатми  мактаби миёна соли 1986 бо маслиҳати падар ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи  давлатии омўзгории Кўлоб супурд ва онро  соли 1970 бо ихтисоси математик хатм намуд. Дар он солҳо ба муассисаҳои таълимии водии Вахш омўзгорон намерасиданд, аз ин рў, ўро тибқи роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Вахш ба кор фиристоданд.

Шариф Маҳмудов ҳамчун омўзгори  математика дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва баъдтар дар мактаби №7 ба фаъолияти омўзгорӣ пардохт.

Соли 1972 фаъолияти омўзгориашро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Вахш (ҳоло ин муассиса дар ҳудуди ноҳияи Кўшониён аст,) идома дода, ҳамчун мушовири шуъбаи маорифи ноҳия оид ба  фанҳои дақиқ ва даҳ сол ба сифати муовини директор оид ба таълим дар мактаби  №12 кор кардааст.

Шариф Маҳмудов  аз соли 2008 инҷониб дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ноҳияи  Кўшониён фаъолият намуда, дарсҳояшро пурмазмун,   бо истифода аз васоити аёнии таълим ва техникӣ мегузаронад.

Вай дар дарсҳо аз усулҳои фаъоли таълим  зиёд истифода менамояд.

Ҳамчунин, мудирии кабинети математикаро ба уҳда дорад. Устоди некуниҳод раҳбари иттиҳодияи методии фанни математика буда, ба омўзгорони ҷавону навкор ёрӣ мерасонад. Ў дар семинарҳои илмию методии ноҳиявӣ зуд-зуд баромад намуда, омўзгоронро бо мисолу масъалаҳои ҳаллашон мушкил шинос мекунад.

Устоди заҳматпеша бо хонандагон дарсҳои иловагӣ, маҳфили фаннӣ, ҷамъомадҳои беруназсинфӣ ташкил намуда, ғайр аз китобҳои дарсӣ, боз аз маводи иловагии таълимӣ истифода мебарад. Танҳо дар ду соли охир беш аз даҳ шогирдаш дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд.

Устод Шариф Маҳмудов дар муддати фаъолияти  50-солаи омўзгорӣ аз тарафи раҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раёсати маорифи вилоят бо  ифтихорномаҳои зиёд ва соли 2004 бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудаант.

 

Абдуғанӣ РАҲМОНОВ,

омўзгори риёзии МТМУ

№ 11-и ноҳияи Шаҳритус


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш