Нашрияи Омӯзгор

Дастрасии кўдакон ба таҳсили босифат

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Аз аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани риояи ҳуқуқҳо ва дастрасии кўдакони маъюб  ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир мониторинг гузаронида шуд. Лоиҳаи “Муттаҳид намудани кўшишҳои дар самти мубориза бо ҳама гуна табъиз” аз тарафи Институти “Ҷамъияти Кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Хазинаи ҷамъиятии “Нотабене” дастгирӣ ёфта, татбиқи онро дар шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии “Рушди инклюзия”, дар ноҳияи Деваштич Ташкилоти ҷамъиятии “Мақсад”», дар шаҳри Хоруғ Ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё» ва дар ноҳияи Муъминобод Ташкилоти ҷамъиятии «Муъминобод» амалӣ гардониданд. Дар ҷараёни баргузории мониторинг бо омўзгорону хонандагони мактабҳо, кўдакони маъюб ва волидайни онҳо вохўриҳо гузаронида шуд. Гурўҳи корӣ шароити муассисаҳои таълимӣ, омодагии онҳоро барои қабули кўдакони маъюб ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсили онҳоро  омўхт.

Дар натиҷаи мониторинг муайян гардид, ки солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти фарогир корҳои зиёдеро анҷом дода, вобаста ба имкониятҳои мавҷуд кўшидааст, ки фазои таҳсили якҷояи хонандагони маъюбро бо ҳамсолонашон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фароҳам орад. Ҳамзамон, маълум гашт, ки аксари муассисаҳои таълимӣ барои фароҳам овардани муҳити дастрас (дастакҳо, пандусҳо, дарҳои васеъ, лифтҳо, лавҳаҳо, буклетҳои иттилоотӣ ва брошюраҳо) барои кўдакони маъюб ба маблағгузории иловагӣ ниёз доранд. Бисёре аз омўзгорон дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба таҳсилоти фарогир ва ҳуқуқҳои кўдакони маъюб барои гирифтани таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маълумоти кофӣ надоранд. Баъзе аз волидони кўдакони маъюб мехоҳанд дар раванди таълими фарзандони худ ширкат варзанд. Дар таҷриба кўдакони маъюб бо тавсияи МТПП (машваратгоҳи психологии тиббии педагогӣ) барои таҳсил ба мактаб-интернатҳо равон карда мешаванд. Қариб ҳамаи волидайни кўдакони маъюб, ки фарзандонашон дар мактаб-интернатҳо таҳсил мекунанд (40 нафар), дар пурсиши мо қайд намуданд, ки барои таҳсили кўдаконашон дар хона шароити кифоя надоранд. Ин мониторинг нишон дод, ки барои рушди таълими инклюзивӣ дар кишвар корҳои зиёде дар сатҳи давлатӣ, дар ҷомеа ва ҳам аз тарафи волидон анҷом дода шудааст.

 

Замира Набиева,

роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Рушди инклюзия”,

Раҷабалӣ Баҳромов,

роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Муъминобод”,

Ҷамолиддин Худойдодов, 

роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё,

Тимур Абдусамадов,

мутахассиси Ташкилоти

ҷамъиятии  “Мақсад”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш