Нашрияи Омӯзгор

Таърихнигор

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

Дар мавзўи таърих навиштан яке аз осонтарин ва душвортарин корҳост: осон аст чун шоҳидон ҳама даргузаштаанд ва нависанда дар тахайюл ва тасаввур озодӣ дорад; душвор аст аз ин ки бояд сабаби асосии воқеаҳоро дар торикиҳои табиати башар ва ҳаводиси ғайри маълум пайдо кунад.

Устод Сотим Улуғзода шахсияти нотакрор, боматонату иродатманд буда, бо истеъдоди баланд ба аҳли илму адаби тоҷик осори гаронбаҳоеро ба мерос гузоштааст.

Ин адиби бузург дар сафи равшанфикроне, чун Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ва Лоҳутӣ, дар радифи Ҷалол Икромиву Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалилу Мирсаид Миршакар хиштҳои аввалини адабиёти муосирро гузоштааст.

Ў, ҳамчунин, мунаққид ва адабиётшинос,  таърихнигор ва маърифатпарвари тавонову соҳибхирад буд.

Солҳои 50-уми асри бист давраи сифатан нав барои муҳити адабӣ ва хонандаи тоҷик оғоз ёфт. Сотим Улуғзода чун пайрави устод Айнӣ ба тасвири бадеии таърихи пурфоҷиаи миллат камари ҳиммат баст.

Ин мавзўъ дар он замон барои эҳёи хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ, бедории фарзандони фарзонаи миллат ва пайдо кардани эҳсоси ватандўстӣ хеле зарур буд.

Устод Айнӣ поягузори мавзўи таърихи миллат дар адабиёти давраи навини тоҷикон буд ва Сотим Улуғзода онро бо матонат идома бахшид ва садоқату эҳтиромашро ба таърих ва фарзандони ҷоннисори миллат нишон дод.

Муҳимтарин воқеаҳои таърихии охири асри ХIX, ки дар сарзамини тоҷикон барои ғалабаи Инқилоби Октябр шароит тайёр карда буд, дар романи Улуғзода “Восеъ” инъикос ёфтааст.

Образи Восеъ яке аз нуктаҳои олии таҳаввули шахсият дар эҷодиёти адиб буда, қуввату иқтидор ва шукўҳу азамати халқ, матонату қатъият, ақлу хирад ва одамияти қаҳрамонро ифода кардааст. Дар романи “Фирдавсӣ” муҷазбаёнии Улуғзода боз ҳам васеътар дарк карда мешавад. Дар тасвирҳои барҷастаи лавҳаҳои хурд, мазмуни иҷтимоиву сиёсии замон ва муҳимтарин ҷиҳатҳои хислати инсон хеле мукаммал ифода ёфтааст.

Яке аз чунин лавҳаҳо “Халқи худро шинос!” ном дорад. Дар ин лавҳа нақл дар бораи профессори рус Михаил Степанович меравад, ки пиёда садҳо деҳаи тоҷикнишинро гашта, дар бисёр кунҷу канорҳои кўҳистон, ки пеш аз ў пои одами шаҳрӣ ба он ҷойҳо нарасидааст, саёҳати илмӣ кардааст.

Профессор ин амали худро чунин шарҳ медиҳад:

“Ман ин корро аз ин сабаб кардаам ва мекунам, ки то имрўз ҳеҷ касе аз тоҷикон ба ин кор машғул нашудааст ва ҳол он ки мову шумо вазифадор ҳастем, таърих, маданият ва расму одатҳои халқро омўзем. Оё гуфтан мумкин аст, ки шумо халқи худатонро хуб медонед? Дар беҳтарин сурат, шумо деҳаи худатон ё якчанд деҳаро хуб медонед. Лекин охир халқи тоҷик на дар як деҳа ё якчанд деҳа, балки дар як кишвари калон зиндагонӣ мекунад. Зиндагонии ин халқ чӣ гуна будааст. Вай имрўз ҳам мисли бобоёни худ зиндагонӣ мекунад ё таври дигар. Вай чӣ гуна ҳунару санъатҳоро дорад? Чӣ гуна афсонаҳо, урфу одатҳо, маросимҳо, таронаҳо дорад ва онҳо хубанд ё бад? Шумо бояд ҳамаи инҳоро тадқиқ кунед ва донед. Агар одам халқи худро нағз намешиносад, ба вай нағз хизмат карда ҳам наметавонад”.

Сотим Улуғзода халқи худро садоқатмандона омўхт, таҳқиқ кард ва ба халқи худ ва ба Ватани азизи худ, ба миллати хеш хизмати шоиста кард.

Ривоят АРБОБОВА,

омўзгори МТМУ №131-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш