Нашрияи Омӯзгор

Беш аз ним аср дар хидмати халқ

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Собиқадори маориф Ҷангибек Қабулов дар деҳаи Кулеви ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падару модараш дорои хату савод буданд, аз ин рў, фарзандашонро дар рўҳияи донишомўзию меҳнатдўстӣ  тарбия намуда, орзу доштанд, ки дар оянда ў касби пурифтихори омўзгориро интихоб мекунад.

Мавсуф пас аз таҳсил дар мактаби 7-солаи деҳа ба омўзишгоҳи педагогии  шаҳри Хоруғ дохил гардида, соли 1953 омўзишгоҳи мазкур ва соли 1966 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи  Ленини шаҳри Душанбе (ҳозира ДМТ) - ро  бомуваффақият хатм намуд. Фаъолияти омўзгории худро аз соли 1953 оғоз бахшида, дар мактабҳои ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон бо кор кардааст ва шогирдони зиёдеро таълиму тарбия дода, ба шоҳроҳи зиндагӣ гусел намудааст. Маҳорати баланди омўзгории Қабуловро ба ҳисоб гирифта, ўро методисти шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон таъйин карданд. Дар ин вазифа, дар навбати аввал, корро бо омўзгорони навкору камтаҷрибаи мактабҳо оғоз намуда, ба онҳо ёрии методию амалӣ  мерасонид ва ҷиҳати баланд бардоштани малакаю қобилияти омўзгории онҳо саъю кўшиш менамуд. Ҳамзамон, таҷрибаи пешқадами омўзгорони бомаҳорату пешқадамро ба воситаи нашрияву маҷаллаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ дастраси тамоми омўзгорон мегардонид.

Барои хидматҳои арзандаву бенуқсон дар соҳаи маориф солҳои гуногун бо ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин, Ҷ. Қабулов дорандаи 15 мукофоти давлатию соҳавӣ мебошад.

Номбурда 56 сол дар соҳаи маориф вазифаҳои гуногунро бар дўш дошта, онҳоро сарбаландона иҷро кардааст. Аз ҷумла, солҳои 1991-1992 дар вазифаи методисти шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон, соли 1992 ҳамчун нозири шуъбаи маориф ва аз моҳи сентябри соли 1992 то ба нафақа баромадан ҳамчун сарвари муассисаи таҳсилоти асосии №1-и ноҳияи Роштқалъа адои вазифа намудааст. Ҷангибек Қабулов дар Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шуғнон, ҷамъияти «Дониш» низ фаъолияти пурбор доштааст.

Омўзгори заҳматпеша пас аз нафақа баромадан ҳам дар коргоҳу ташкилоти гуногун кор карда, дар ободию сарсабзии кишварамон саҳми назарраси худро гузоштааст. Мавсуф аз соли 1996 то соли 2009 дар вазифаи ҷонишини раиси Ҳилоли Аҳмар дар ноҳияи Роштқалъа фаъолият намуд. Сипас, раиси ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа интихоб шуда, ба фаъолияти ин ташкилот навгониҳо ворид кард. Маҳз бо роҳбарии Ҷ. Қабулов ташкилоти мазкур дар озмуни ҷумҳуриявии «Ташкилоти беҳтарин» иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал, Ифтихорномаи Шўрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид… Дар умум, ба синну соли хеш нигоҳ накарда, ин марди хирад дар ҳама ҷамъомаду чорабиниҳои деҳа, мактаб ва миқёси вилоят фаъол буда, гули сари сабади маҳфилҳои ҳамдиёрон аст. 

Майгуна Ниятқабулзода,

 донишҷў


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш