Нашрияи Омӯзгор

Ҳиссае аз қиссаҳои диловарон

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Як силсила асарҳои бадеии замони истиқлол мавзуъҳои инъикосу бозтоби таърихи пурифтихори халқи тоҷик, қаҳрамонию диловарии муборизони роҳи озодӣ ва истиқлолиятхоҳӣ, ҳамчунин, таҳлилу таҳқиқи бадеии ҷанги дохилӣ дар кишвар ва таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати сартосарӣ дар ҷумҳуриро дар бар гирифта, образи қаҳрамонони созандаю шуҷоъ аз тарафи адибон ба таври барҷаста офарида шудаанд. Хидмати нависандаи соҳибтаҷрибаю истеъдодманд Абдуғаффори Партав дар ин росто назаррас буда, вай дар офаридани ҳикоёту қисса ва романҳои ҷолибу хонданӣ дар мавзўъҳое, ки марбут ба ҳаёту заҳмати мардум дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад, саҳми калон гузоштааст. Бахусус, романи «Иёр» дар равшану бармало сохтани решаҳои махуфу муаммобарангези зуҳури ҷанги шаҳрвандӣ, заминаҳои тарҳрезишудаи ба амал баровардани ин ҷанг, ба муҷиби боло гузоштани манфиатҳои шахсию гурўҳии намояндагони аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ аз арзишҳои миллию ҳувияту ормонҳои давлатдорӣ, ба майдон омадани дастаҳои силоҳноки ғайриқонунӣ, қатлу куштор, зўран ғасб намудани ҳукумат аз ҷониби иддае аз мансабхоҳони хомтамаъ ҷойгоҳи арзандаеро ишғол мекунад. Ҳамин тарзу шеваи нигориш ва ҳунари нависандагии А.Партав дар китоби тозанашри ў «Илм фидоӣ мехоҳад», ки аз чор бахш: «Ҳикояҳо», «Қиссаҳои сайёр», роман ва қисса, эссе таркиб ёфтааст, ба гунаи ҷаззобу рўшан ба мушоҳида мерасад. Як хусусияти умдаи нигоштаҳои нависанда он аст, ки вай ҳамнафасу ҳамқадами замон буда, қаҳрамонони асарҳояш афроди дилогоҳу ҳақиқатҷў, адолатхоҳ ва нисбат ба норасоию камбудиҳои дар ҷомеа ҷойдошта оштинопазир ба шумор мераванд. Аз ҷумла, дар ҳикояи «Илм фидоӣ мехоҳад» бо танзу зарофати нозук масоили доғи рўз – фаъолияти олимону муҳаққиқон ва таълифи мақолаю рисолаҳои илмӣ мавриди тасвири доманадори нависанда қарор гирифтааст. Қаҳрамони ҳикоя ҷавонест ташнаи илму пажўҳиш, аммо баҳри ба нашр расондани мақолаи таҳқиқотие хуни дил мешавад, зеро чандин академику профессор бар ивази кумаку дастгирии ў, манфиати хешро муқаддам шумурда, пешниҳод мекунанд, ки дар мақолаи иншонамудааш имзои онҳо низ гузошта шавад. Анҷоми ҳикоя хеле ҷолиб ва омўзанда аст.

Ҳикояҳои «Ман дигар рафтор мекардам», «Меҳри фарзанд ва модари ў», «Бархез, ки вақти рафтан шуд» ва «Хушбин» ба масоили ахлоқи ҳамзамонон бахшида шуда, бо лаҳзаҳои мураккаб ва низоъҳои тунду тези худ таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин радиф романи «Вахшонзамин», ки ҳаёту фаъолияти меҳнаткашони деҳотро дар замони Шўравӣ ба риштаи тасвир кашидааст, ибратомўз ва шавқовар мебошад. Яке аз қиссаҳои ҷолибу ҷозиби нависанда «Шаҳрнишинони деҳотӣ» ба шумор меравад, ки мавзуи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар бар гирифтааст. Қиссаро мутолиа карда, хонанда тамоми розу рамзи зиндагии мардуми деҳотро, ки инак шаҳрнишин шудаанд, ба хубӣ пай мебарад. Дар китоби «Илм фидоӣ мехоҳад», инчунин, эссеи «Ҳақталаб», ки зиндагию муборизаҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, марди адолатхоҳу дорои эҳсоси баланди миллӣ Нусратулло Махсумро ба таври бадеӣ тасвир намудааст, ҷой гирифтааст.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»   

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш