Нашрияи Омӯзгор

Навоварию созандагӣ мароми мост

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 836        Шарҳ: 0

 

 

Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Убайдулло Асрорзода дар суҳбат бо мо оид ба  фаъолияти донишкада, пешрафту комёбиҳои он  чунин иброз дошт:

- Донишкадаи сайёҳӣ, соҳиб-корӣ ва хизмат имсол 30-солагии таъсиси худро таҷлил мекунад, он ҳамсоли истиқлоли кишвар  мебошад. Донишкада дар тўли 30 соли фаъолияти пурсамари хеш дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат саҳми арзанда гузоштааст. Айни замон Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дорои 2 филиал дар вилоятҳои Суғду Хатлон, 6 факулта ва 16 кафедраи таълимӣ буда, дар он ҳайати баландпояи устодону олимони соҳибтаҷриба фаъолияти пурсамар доранд. Ҳамзамон, донишкада дорои литсейи тамоюли иқтисодӣ (аз соли 1998) буда, ҳамасола беш аз 95 дарсади хатмкардагони он шомили мактабҳои олӣ мегарданд.

Ин даргоҳи илму маърифат мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти сайёҳӣ, меҳмондорӣ, соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, фаъолияти гумрукӣ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, молия ва қарз, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодиёти рақамӣ тайёр намуда, ба яке аз муассисаҳои таълимии олии бисёрсоҳаи пешқадам табдил ёфтааст.

Соли равон бо сабаби афзоиши шумораи донишҷўён ва ихтисосҳо 4 кафедраи дигар таъсис ёфта, 294 воҳиди кории нав ташкил шуд. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз рўи 9 ихтисоси риштаи сайёҳӣ таҳсил ба роҳ монда шуд. Аз ибтидои соли таҳсили 2021-2022 боз аз рўйи 4 ихтисоси нав дар ин самт таҳсил шурўъ мегардад. Дар баробари гурўҳҳои амалкунандаи таҳсилашон бо забони англисӣ дар зинаи бакалавр боз аз рўйи ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ гурўҳи таҳсилаш бо забони англисӣ ташкил карда шуд. Мониторинги сифати таҳсилот дар гурўҳҳои таълимӣ-академӣ нишон дод, ки донишазхудкунии донишҷўёни донишкада ба 84,3 дар сад расидааст.

Раёсати донишкада ба рушди робитаҳои хориҷии донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳои дохилию хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Танҳо дар нимсолаи соли равон 22 шартномаву созишнома ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия (University Malaysia of Computer Science & Engineering (UNIMY)) ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад.

-Бо мақсади омодасозии кадрҳои ҷавобгў ба талаботи байналмилалӣ моҳи марти соли 2021 факултаи муштараки Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия таъсис дода шуд, ки дар он мутахассисон аз рўйи 3 ихтисоси риштаи сайёҳӣ омода карда мешаванд. Тибқи шартномаи ҷонибҳо таҳсили донишҷўён 2 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 сол дар Федератсияи Россия ба роҳ монда мешавад, - иброз дошт. У. Асрорзода ва афзуд: - Чанде пеш се ихтисоси донишкадаро тариқи онлайн аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалиро ба даст овардем.  Ният дорем, ки дигар барномаҳои таҳсилотиро низ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронем. 25-уми майи соли равон бо Донишгоҳи техникии Деггендорфи Олмон лоиҳаи муштарак таҳия карда шуд. Лоиҳаи мазкур ба густариши ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баҳри рушди сайёҳӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шуда, шарикони лоиҳа ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мебошанд. Дар доираи барномаҳои грантии Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз ҷониби донишкада барномаи грантии “Рушди малакаҳои таҳлилӣ дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шуд, ки дар ташхиси коршиносон қарор дорад. Дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Украина 12 нафар олим-профессор ба донишкада ташриф оварданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ва хулосаи Бонки Осиёии Рушд дар чорчўбаи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ” таъсиси Маркази бо кор таъминкунӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба нақша гирифта шудааст.

-Барои аҳли кормандони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат имсол яке аз рўйдодҳои муҳим таъсиси филиалҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон мебошад, - бо қаноатмандӣ иброз дошт У. Асрорзода. - Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон сохтмони бинои 7-ошёнаи таълимии филиал бомаром идома дорад. Рўзҳои 23-24-уми апрели соли ҷорӣ бори аввал аз ҷониби раёсати донишкада озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” баргузор гардид. Дар он як нафар донишҷўи донишкада соҳиби Дипломи дараҷаи 1 ва “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” ва 1 нафар донишҷўи дигари донишкада сазовори ҷои сеюм гардид. Таъсиси Институти илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассиса раванди корҳои таҳқиқотиро вусъат мебахшад. Ҷиҳати ҳавасмандии устодону кормандони илмӣ-педагогии донишкада озмуни донишкадавии “Муҳаққиқи сол” гузаронида шуда, ғолиби озмун бо Диплом ва 3 000 сомонӣ ва 3 нафари дигар ҳар кадоме ба маблағи 1 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Донишкада тибқи арзёбӣ аз рўйи меъёрҳои қоидаҳои муайянсозии рейтинги МТОК-и ҶТ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили 10-гонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гардид. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гашт,  1 нафар ҷойи 2-юм ва 2 нафар ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд. Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун донишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (УШОС) аз рўи самти технологияҳои иттилоотӣ, узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ, шарики барномаҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо – TARENA мебошад.

- Дар оянда нақша дорем, ки донишкадаро ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ табдил бидиҳем. Барои анҷоми ин ҳадаф тамоми заминаҳо мавҷуд ҳастанд, - гуфт дар фарҷоми суҳбат ректори донишкада Убайдулло Асрорзода.

 

Дилафрўз Қурбонӣ,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш