Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар Ҳисор

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумъазода дар  ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Хонақоҳи Кўҳӣ, Мирзо Ризо, Деҳқонобод, ба номи Мирзо Турсунзода ва Ҷамоати шаҳраки Ҳисор иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. 

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ва раиси шаҳри Ҳисор дар деҳаи Обшорон поя бо нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ифтитоҳ намуда, дар шафати муассиса майдони варзишии футбол ва толори варзишро мавриди истифода қарор доданд.

Ба муовини Сарвазир иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Қурбоналӣ Ҷабборов бунёд ва ба мактабе, ки худ низ дастпарвари он аст, чун армуғони ҷашнӣ туҳфа намудааст.

Дар деҳаи Шўроби Афғони Ҷамоати деҳоти Сомон, инчунин,  толори варзишии иборат аз ду майдонча, ки бо саҳми сокини деҳа Комил Холов бунёд ёфтааст, ба истифода супорида шуд. Сокинони деҳаи Нилуи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кўҳӣ дар ҷои собиқ бинои садамавии мактаб бинои нави иборат аз 12 синфхонаро бо 360 ҷойи нишаст ва як утоқ барои омўзгорон бо усули ҳашар бунёд намуданд.

Дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша 866 иншооти таъйиноташон гуногун, ки фаъолияти бештарашон ба самти иҷтимоӣ нигаронида шудааст, бунёд меёбанд. Аз ин шумора то имрўз 752 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш