Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи бозӣ дар дарсҳои технология

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Бозии нақшӣ дарсро ба воқеият наздик сохта, шавқовар ва хотирмон будани онро таъмин месозад. Хонандагон ҳолати «воқеӣ»-ро тибқи нақшҳои қаблан муайяншуда «иҷро» мекунанд.

Технологияи бозӣ бо шакли бозии ҳамкории омўзгор бо хонанда бо амаликунонии нақши муайян (бозиҳо, афсонаҳо, саҳначаҳо, муоширати корӣ) алоқаманд мебошад. Ҳамзамон, вазифаҳои таълимӣ дар мундариҷаи бозӣ ворид карда мешаванд. Дар раванди таълим бозиҳои шавқовар, театрикунондашуда, корӣ, нақшӣ ва компютерӣ истифода бурда мешаванд.

Бозӣ хусусияти равнақ додани тахайюлотро дошта, онро ба шавқангезӣ табдил медиҳад. Бозӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбияи хонандагон мебошад. Бозӣ фаъолияти худрўйдиҳанда ва озод мебошад. Олами бозиҳо гуногун мебошад. Ҳар як намуди бозӣ дар худ амалҳои гуногунро ифода намуда, барои инкишофи шахсияти хонанда ҳамчун инсони солим кумак менамояд. Ҳангоми дуруст интихоб намудани бозӣ ва муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ, метавонем иҷтимоикунонии хонандагонро инкишоф диҳем ва завқи онҳоро ба фанни таълимӣ бедор намоем.

Бозии нақшӣ имкони иҷро кардани амалҳои наверо медиҳад, ки дар фаъолияти минбаъда истифода шуданаш мумкин аст. Нақшҳо маъмулан ба фаъолияти рўзмарраи иштирокдорони дарс алоқаманд аст (харидор ва фурўшанда, усто ва шогирд, корманди меҳмонхона, сайёҳон ва ғ.);

- бозии нақшӣ ҳангоми таҳияи нақшаи дарс бо зикри миқдори иштирокчиён, нақшҳо ва вақти ҷудошуда сабт мегардад:

-пеш аз гузаронидани бозии нақшӣ муҳим аст, ба мушоҳидон таъкид кард, ки ба кадом нуктаҳо диққат диҳанд ва ҳангоми муҳокима фикрҳои худро тибқи он баён кунанд. Барои мушоҳидон (экспертҳо) омода кардани саволнома самараи дарсро афзун месозад.

- «саҳна» ё муҳити иҷрои нақш бояд тарҳи умумии ҳолати воқеиро дошта бошад.

- бозии нақшӣ бо мақсади таҳлили минбаъда метавонад дар видео сабт шавад.

-агар иҷрои нақш бо эҷодкорӣ вобаста бошад, омўзгор метавонад ба охир расонидани нақшро ба ихтиёри «бозингарон» гузорад (то расидан ба мақсад).

- омўзгор бояд боварӣ ҳосил кунад, ки ҳар як хонанда вазифаи худро ҳангоми иҷрои нақш дуруст фаҳмидааст.

Энерҷайзер (машқ, машқҳои психо-гимнастикӣ) бахши ҷолибу фаъоли усулҳои интерактивӣ буда, аз машқҳои кўтоҳмуддате иборат аст, ки ба ҳар як хонанда имкони нишон додани фаъолияти зеҳниву ҷисмонӣ ва қобилияти ҳамбастагӣ бо гурўҳро фароҳам меорад.

- маъмулан энерҷайзер барои дигар кардани ҳолати рўҳиву ҷисмонии хонандагони истифода мегардад.

- «мо на ба сабаби пирӣ бозиро тарк мекунем, балки барои он пир мешавем, ки бозиро тарк мекунем» (Б.Шоу).

- машқҳо метавонанд вербалӣ ва ғайривербалӣ (бесухан), хаттӣ ва шифоҳӣ бошанд, дар гурўҳҳои 2-3-нафара ва ё бо тамоми гурўҳ баргузор шаванд. Онҳо метавонанд барои машқи хотир ё диққат, ҳушёрӣ ё фаросат, мушоҳида ё чолокӣ равон гарданд ва ё хусусияти умумӣ дошта бошанд.

- ҳадафҳои машқ чунин буда метавонанд:

• ҳолати гурўҳро тағйир диҳад ва қобилияти кориро афзун кунад (бедор ва фаъол кардани гурўҳ);

• ҳолати ҳар як хонандаро тағйир диҳад, ки худро озод ҳис кунад ва фаъол бошад;

• ҳолати 2-3 нафар шахси аниқро дигар кунад ва пеши муноқишаву зиддиятро бигирад;

• ба рафоқати гурўҳ, ҳам-дигарфаҳмӣ ва рушди кори гурўҳӣ кумак намояд.

Хулоса, бозиҳои гуногун дар раванди таълими фанни технология (таълими меҳнат) мавқеи муҳимро ишғол намуда, барои фаъол гардонидани хонандагон ва баланд бардоштани сифати таълими фанни мазкур мусоидат менамояд.

 

Акобир РИОЕВ,

корманди ДҶТИБКСМ,

Муҳиба ШАРБАТОВА,

омўзгори МТМУ №43-и

ноҳияи Сино,

Матлуба ҚОСИМОВА,

омўзгори МТМУ №7-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш