Нашрияи Омӯзгор

Агар мо барои тарбияи фарзанд вақт наёбем…

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Тарбияи фарзанд муқаддастарин вазифаи ҳар як падару модар мебошад  ва онҳо бояд бо масъулиятмандӣ дар тарбияи наврасон ҷаҳду талош намоянд. Мутаассифона, волидон аксар вақт дар тарбияи ҷигаргўшаҳояшон канорагириро ихтиёр мекунанд. Бештари ҳолат мардҳо ҳамсарони худро масъули тарбияи фарзандон дониста, аз тарбияи наслашон дур буданро авлотар меҳисобанд. Ин гуна оилаҳо дар атрофи мо кам нестанд. Дар ин маврид суханони педагоги машҳур В. А. Сухомлинский ба ёд меояд: «Агар мо барои тарбияи фарзанд вақт наёбем, пас барои инсон шудан ҳам вақт надорем».

Дарсгурезӣ ва ба мактаб фаро гирифта нашудани наврасон ба роҳбарият ва тарбиядиҳандагони аксари муассисаҳои таълимӣ душвориҳои зиёдеро пеш овардааст. Чунин ба назар мерасад, ки кўшиш ва талошҳои пайгиронаи маъмурияти муассисаҳои таълимӣ дар ин ҷода натиҷаи дилхоҳ надодааст. Дар ин марҳилаи ҳассос олами ботинии наврасонро дарк карда, омилҳои пайдо шудани ин гуна мушкилотро ҷустан лозим аст. Наврасеро мисол меорем, ки аз пайи дарёфти ризқу рўзӣ афтода, дар бозори фурўши сабзавот барои модари муштипарашро саробонӣ намудан ба аробакашӣ машғул аст. Дар асл ў ҳам мехоҳад, ки дар паси мизи мактабӣ нишаста, ба мисли ҳамдарсонаш аз дарсҳои маърифатбахши омўзгорон ғизои маънавӣ бигирад ва соҳиби маълумоту пешаи муносиб бошад. Дар ин маврид яке аз мушкилиҳоеро номбар кардем, ки пешорўи ин қабил наврасон қарор дошта, интизори дарёфти роҳҳои ҳалли хеш мебошанд. Шебу фарозҳои рўзгор онҳоро дар айёми гулфишони наврасӣ ба гирдоби мушкилоти беохир афкандааст ва ин бачаҳо умедворанд, ки бо кумаки атрофиён аз ин вартаи муҳлик халос ёбанд. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани волидон низ ба таълиму тарбияи наврасон-фарзандон таъсири манфӣ мерасонад. Муносибтарин роҳи ҳалли ин мушкилот мустаҳкам намудани ҳамкории муассиса бо оила ва аҳли ҷомеа мебошад. Замоне ин иртибот қавитару пойдортар мегардад, ки муҳити созанда ва воқеӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Дар кори тарбияи насли наврас дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ муҳим мебошад. Зеро ҳимоятгари воқеии ҳуқуқҳои шаҳрвандии ҳар як наврас маҳз корманди ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб меёбад. Ҳамин нуктаро бояд таъкид дошт, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳеҷ сурат усули танбеҳ ва тарсонидан ба кор гирифта нашавад. Корбурди ин шева эҳсоси нороҳатӣ ва нигаронкунандаро дар ниҳоди наврасон пайдо намуда, аз дигар сў, ҳисси интиқомҷўиро дар вуҷудашон бедор мекунад. Танбеҳи ҷисмӣ додани наврасони мактабгурез роҳи ҳалли мушкилот нест. Балки масиреро бояд ҷустуҷў намуд, ки дар қазоват ва шинохти ин қазия моро роҳнамоӣ кунад ва мо роҳи ҳаллу фасли мушкилоти ба амаломадаро пайдо кунем. Ин навиштаҳо ба наврасоне тааллуқ доранд, ки аз ноилоҷӣ ба фаъолияти сангини меҳнатӣ пардохта, аз таҳсил муваққатан бозмондаанд. Вале дар ин қатор боз ба онҳое вомехўрем, ки ба корҳои зишту ношоям, яъне, ба дуздиву ғоратгарӣ даст зада, ба тадриҷ рафтори онон ба ҳукми одат даромадааст. Бо ин гурўҳи наврасон фаъолияти тарбиявӣ бурдан хеле душвор аст.

Беҳтарин макон барои рушду нумўи маънавии наврасон мактаб мебошад. Дар тарбияи фарзандон масъулияти оила, муассиса ва воситаҳои ахбори омма ниҳоят калон аст. Ба таҳсил рў овардан, омўхтану андухтан, дар рўҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ парвариш ёфтан ва дўст доштану арҷ гузоштан ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ маҳз дар ин макони маърифат такмил ва тақвият дода мешавад.

Замир Ниёзов,

омўзгори географияи

МТМУ №59, ноҳияи Айнӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш