Нашрияи Омӯзгор

Вусъати ҳаракати олимпӣ

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар хусуси дастовардҳои кормандони соҳаи маорифи минтақаи Кўлоб мудири бахши сарраёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб Ҷамолиддин Шукурзод дар суҳбат изҳор дошт, ки айни ҳол дар минтақаи Кўлоб 596 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 278614 нафар хонанда фаъолият доранд, ки дар онҳо 18932 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 49 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 4651 нафар ва 442 Маркази рушди кўдак бо фарогирии 12503 нафар кўдак фаъолият мекунад. Бояд қайд кард, ки дар маҷмўъ, шумораи кўдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кўдак дар минтақа 17154 нафарро ташкил мекунад, ки ин 13%-и фарогирии кўдаконро ба муассисаҳои томактабӣ ташкил мекунад. Тамоми муассисаҳои томактабӣ барои дар сатҳи баланд ташкил намудани раванди таълиму тарбия бо воситаҳои аёнию дидактикӣ, дастурҳои методӣ, намудҳои гуногуни бозичаҳо таъмин шудаанд. Дар давраи таътили тобистона борҳо аз тарафи гурўҳи раёсати маорифи вилояти Хатлон вазъи таъмири муассисаҳои таълимии минтақаи Кўлоб мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода шудааст. Санҷишҳо нишон доданд, ки кормандони соҳаи маорифи минтақаи Кўлоб вобаста ба тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла, таъмири синфхонаҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ, кабинетҳои таълимӣ ва ғайраҳо нисбат ба соли гузашта хубтару хушсифаттар аз таъмир бароварда шуд. Соли ҷорӣ дар доираи амалӣ намудани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 » дар баробари дигар фанҳои таълимӣ, ба баргузории олимпиадаҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳамияти хосса дода мешавад. Дар даври вилоятӣ 308 нафар хонанда ғолиби даври минтақавӣ гардиданд. Ҳонандагони муассисаҳои таълимии минтақа дар даври олимпиадаи анъанавии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои табиатшиносӣ ширкат варзида, ба гирифтани 256 ҷойи ифтихорӣ (аз ҷумла, 31 медали тилло, 59 нуқра, 166 биринҷӣ) мушарраф гардиданд. Дар соли хониши 2020-2021 бинои иловагӣ дар назди МТМУ №4-и ноҳияи Темурмалик бо маблағи 2 миллион сомонӣ барои 240 ҷойи нишаст, бинои иловагӣ иборат аз 27 синфхона барои 640 ҷойи нишаст дар назди МТМУ №25 сохта ба истифода дода шуд. Дар умум, зиёда аз 55 синфхонаи иловагӣ дар қаламрави шаҳр барои 3110 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақа миқдори зиёди кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин карда шуданд. Ҷиҳати иҷрои нақшаи харидорӣ намудани компютерҳо ва тахтаи электронӣ дар марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақа дар соли таҳсили 2020 – 2021 ва тайи 4 сол 1521 (25%) компютер, 166 (56 %) тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст. Соли ҷорӣ дар доираи амалӣ намудани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар баробари дигар фанҳои таълимӣ, ба баргузории олимпиадаҳои фанҳои табиатшиносӣ аҳамияти махсус дода шуд.

 Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш