Нашрияи Омӯзгор

Панди дилписанд

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Адабиёти тамоми халқҳои олам аз лиҳози мавзўъ ва мазмуну мундариҷа рангину ҷолиб аст, вале ҳар як адабиёт бо  ягон махсусияташ аз адабиёти дигар фарқ мекунад.

Масалан, дар адабиёти халқе мавзўи ҷасорату мардонагӣ бартарӣ дошта бошад, дар адабиёти халқи дигар мавзуи таърих ва ҳимояи зодбум мавқеи умда ишғол менамояд.

Намояндагони барҷастаи адабиёти Олмон ба мавзуъҳои матонату диловарӣ, ситоиши садоқатмандии диёр ва таҳқиқи бадеии фалсафаи ҳаёт бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар адабиёти  ғановатманду бостонии тоҷик яке аз мавзуъҳои асосӣ панду ҳикмат ба шумор меравад. Ин мавзуъ чун хати сурх аз миёни тамоми осори адибони тоҷик мегузарад. Ба василаи ин мавзуъ бузургону фарзонагони арсаи адаб инсониятро ба зиндагии бафайзу самарбор ва осоиштаву пурнишот даъват карда, бартарии дўстию рафоқат, сулҳу осоиштагӣ, накукорию хушниҳодӣ, ҳамдилию дастгирӣ, хушсуханию хушмуомилагӣ, ростию зарифӣ, ободонию бунёдкорӣ ва амсоли инҳоро батакрор ва ба таври басо муассиру зеҳннишин таъкид ва собит кардаанд. Ҳамчунин, дар осори ҳикматбори ниёгон мавзўъҳои Ватан ва ватандўстӣ, парастиши муқаддасоти миллӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, озодӣ ва ваҳдат, фидокорӣ барои диёри маҳбуб мавқеи барҷаста доранд. Қадимтарин асарҳои халқи тоҷик, чун «Авасто», «Дарахти ассурик», «Ёдгори зарирон»… моломол аз панду ҳикмати хеле судманд мебошанд. Ин анъанаи наҷиб дар адабиёти тоҷик, чунонки гуфтем, реша аз умқи таърих гирифта, минбаъд аз ҷониби кулли суханварони бузурги тоҷик идомаву такмил ёфтааст. Қофиласолори  адабиёти тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ мавзўи панду андарзро дар эҷодиёти пурғановати худ ба ҳадди аъло расондааст. Нигоштаҳои пурҳикмати пири шоирони ҷаҳон дилчаспу самимӣ, равону хотирнишинанд ва зуд ба қалбу ба зеҳн корагар мешаванд. Дар ашъори устод Рўдакӣ инсондўстӣ, накукорию хушрафторӣ, одоби ҳамида… ситоиш дарёфтааст. Ин шоири волосуханро метавон дар қатори ҳама тавсифҳои дигараш поягузори андарзнигорӣ дар адабиёти тоҷик номид.

Забони андарзҳои устод басо самимисту зуд тасхири дилҳо мекунад. Маънии баландро бо лафзи сода гуфтан хоси бузургони дунёи адаб аст. Ба ин панди ҷовидонии султони шоирон таваҷҷуҳ намоем:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рўи дўстон.

Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар

Аз фироқи дўстони пурҳунар.

Ду-се маротиба батакрор хондани ин  қитъа кофист, ки дар ёдҳо бимонад ва низ мазмунаш ба кас таъсиргузор бошад. Устод Рўдакӣ панде мегўяд, ки он бо ҳаёт, бо воқеият пайванди қавӣ дорад. Ба гуфти устод, ҳаёт,  рухдоду таҷрибаҳои он худ саросар панд аст, танҳо ба он бо чашми ибрат бояд нигарист:

Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Анъанаи устод Рўдакиро дар андарзгўӣ адибони  минбаъда, аз ҷумла, Фирдавсию Саъдиву Ҷомӣ идома бахшиданд ва ин анъана то имрўз дар адабиёти пурмуҳтавои тоҷик идома дорад.

 

Зулайхо Убайдова,

омўзгори забони олмонии МТМУ

№ 89-и ноҳияи Сино

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш