Нашрияи Омӯзгор

Партави некон нагирад, он ки…

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Ҳаёт нишон медиҳад, ки инсон дар ҳар давру замон ва дар ҳар синну сол ба тарбия  ниёз   дорад. Ба қавли Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, «Инсон низ ҳайвон аст, вале ҳайвони бошуур». Вай бояд аз хурдӣ ба тарбия фаро гирифта шавад. Барои ин омўхтан, дидану шунидан, дар байни мардум будан, дар суҳбати донишмандону калонсолон нишастан басо муҳим аст.

Дар мактаб ба тарбияи насли наврас аҳамият додан ва омўхтани ахлоқу одоб бештар ба зиммаи мо, омўзгорони забон ва адабиёти тоҷик вогузор гардидааст. Ҳадафи банда низ аз интихоби ин фан таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Дар баробари фаъолияти кориам дарк намудам, ки барои дуруст тарбия намудани  шогирдон омўзгори навовару эҷодкор ва  бо донишҳои замони муосир мусаллаҳ будан, бештар мутолиа кардану аз эҷодиёти  классикони адабиёти гузаштаву имрўза бархўрдор будану дар раванди дарс аз онҳо истифода бурдан ҳатмист. Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Партави некон нагирад, он ки бунёдаш бад аст,

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.

Дар баробари ин, чорабиниҳои тарбиявӣ маҷмўи намудҳои гуногуни таъсиррасоне  мебошанд, ки ба талабот ва шароитҳои моддӣ ва маънавӣ ҷавобгўянд. Бояд гуфт, муҳаббат ба Ватан аз овони кўдакӣ оғоз ва  минбаъд ташаккул меёбад. Дарсҳои тарбиявӣ низ асоси омўзиши илму ахлоқ ба шумор меравад. Дар ҷараёни дарсҳои тарбиявӣ  ду омил – фаъолиятнокӣ ва комплексӣ   ба назар мерасад.

Тарзи якум ташкил кардани фаъолиятҳои гуногуни мактаббачагонро талаб мекунад, мисли дарки фаъолият, фаъолияти меҳнатӣ, ҷамъиятӣ, бадеӣ ва ғайра. Дуюмин, унсурҳои тарбия, инчунин, аз  тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва фикрӣ иборат аст. 

Тарбияи ахлоқии мактаббачагон фаъолияти зарурист. Ин тарбия дар баробари омўзиши фанни адабиёт тавассути фанҳои хониш, забони модарӣ, таърихи дин, одоби оиладорӣ, инсон ва ҳуқуқ, таърихи умумӣ, инчунин, дар тамоми ҷараёни корҳои тарбивӣ сурат мегирад.

Ғояи тарбияи ватандўстӣ аз замонҳои қадим арзи вуҷуд дошт, ки инро мо дар эҷодиёти аксари адибони классику муосир ва дар адабиёти  шифоҳии халқ низ баръало дида метавонем. Намунаи олии он дар очерки таърихии  Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ –«Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик»  басо равшан ба мушоҳида мерасад. Дар асар тасвир ёфтааст, ки пас аз кушта шуданаш аз тарафи душманон дар миёнбанди Темурмалик халтачае пайдо намуданд, ки дар он як каф хок ва як хатчае буд. Дар хатча ин матни хеле кўтоҳ, вале сахт таъсирнок сабт шуда: «Эй он, ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандўст бошӣ, маро бо ин як каф хок гўрон, ки ин ёдгори Ватани азизи ман аст!».

Дар поёни хат ин байт ҳам омада:

Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.

Маҳз дар натиҷаи омўзондани чунин асарҳо ва фаҳмонидани моҳияти онҳо дар бачаҳо ҳиссиёти волои ватандўстӣ бедор мегардад. Бинобар он, насли наврас бояд чунон тарбия ёбад, ки на фақат зодгоҳ, кишвар ва мардуми диёри хеш, балки тамоми сайёра ва мардуми онро низ дўст дошта тавонад.  Шахси ватандўст ҳама вақт дар фикри ободӣ ва озодии Ватани азизи хеш мебошад. Ҳангоми омўзонидани осори дигар адибон, хусусан, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҳ. Юсуфӣ, Л. Шералӣ ва дигарон низ дар шогирдон ҳисси дўст доштани ватану зодбуми аҷдодӣ тақвият меёбад.

Мунира ҲОМИДОВА,

омўзгори забон ва адабиёти

МТМУ №121,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш