Нашрияи Омӯзгор

Забономўзӣ ва рушди тафаккур

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Таълими забони англисӣ дар шароити кунунӣ аз омўзгорони ин фан дониши васеъ ва омўзиши пайвастаро талаб менамояд. Дар раванди роҳандозии машғулиятҳо аз фанни забони англисӣ омўзгор бояд аз сабку шеваҳои гуногуни ҷолибу шавқовар бо истифода аз васоити аёнӣ, китобу маҷмўаҳои назмию насрии суратдори ранга, дастгоҳҳои муосири техникӣ, аз қабили компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроектор ба баланд бардоштани сатҳи донишандўзии хонандагон мусоидат намояд. Яке аз роҳҳои зуд аз худ кардани забони англисӣ кор бо луғат маҳсуб меёбад. Омўзгор дар машғулиятҳо бояд зимни тафсири матни пешниҳодшуда ва баёни мавзўи нав бештар таваҷҷуҳи шогирдонро ба калимаҳои душворфаҳм ҷалб намуда, маънои ин вожаҳоро шарҳ диҳад ва хонандагон дар дафтари луғат ин калимаҳоро кўчонанд. Имрўз ҷиҳати омўзиши судманду ҳамаҷонибаи забони англисӣ китобу дастурҳои зиёде нашр шудаанд. Аз ҷумла, омўзгор метавонад аз луғатҳои англисию тоҷикӣ дар дарсҳо ба таври васеъ истифода намояд ва ба шогирдон тавсия кунад, ки аз ин луғатҳо дар даст дошта бошанд. Истифодаи диафилмҳои ба синну соли хонандагон мувофиқ дар самти азхудкунии калимаю ибораҳои забони англисӣ нақши судманду муассир мебозанд. Дар ин бобат кўшиш бояд кард, ки филмҳо пурмуҳтаво буда, ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ дошта бошанд. Яке аз дигар усулҳои омўзондани забони англисӣ ба хонандагон ба роҳ мондани супоришҳои гуногуни мустақилона аз ҷониби омўзгор ба шумор меравад. Супоришҳо бояд шавқовару рангин ва мухтасар буда, мушкилу тўлонӣ ва дилгиркунанда набошад. Баҳри хубтару беҳтар аз худ кардани забони англисӣ аз тарафи хонандагон, омўзгор метавонад аз намудҳои мухталифи корҳои хаттӣ, аз ҷумла, иншо аз рўйи расм истифода кунад. Супориш аз рўйи расм метавонад, ки шифоҳӣ низ иҷро шавад, ки ин ба такомулу инкишофи нутқи хаттию даҳонии хонандагон мусоидат мекунад. Дар муассисаҳои таълимӣ баҳри омўзиши густурдатари забони англисӣ, баргузории ҳафтаҳои фаннӣ ва ба роҳ мондани маҳфили забони англисӣ аҳамияти калон дорад. Дар ҳафтаҳои фаннӣ ва маҳфили забони англисӣ бештар мавзўъҳои озодро баҳри омўзишу таҳлил ба хонандагон метавон пешниҳод кард. Ҳамчунин, дар ин гуна чорабиниҳои берун аз дарсӣ хонандагон бояд аз асарҳои бадеии назмию насрӣ, ба хусус, шеъру тарона, чистон ва ҳикоятҳои хурд истифода намоянд. Албатта, нақши машғулияти таълимӣ дар бедор намудани шавқу рағбати шогирдон ба омўзиши забони англисӣ барҷастатар аст. Муаллим метавонад бо ҳунару маҳорат ва лаёқате, ки дорост, аз усулҳои фаъоли таълим истифода кунад, матнро ба василаи ташкили суҳбат, муколама (диалог), саволу ҷавоб ва амсоли инҳо дар доираи низоми муносибати босалоҳият  ба таълим ҷолибу шавқовар ба роҳ монад. Омўзиши асарҳои адибони ҷаҳон, ки аксарашон бо забони англисӣ эҷод кардаанд, барои мутолиаи хонандагон муфид буда, барои иштироки онҳо дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» заминаи боэътимод ба шумор меравад.

 

Мусаллам ҲАМИДОВА,

омўзгори калони

кафедраи методикаи таълими фанҳои

гуманитарии ДҶТИБКСМ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш