Нашрияи Омӯзгор

Мубаллиғи сулҳу дўстӣ

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маъруф, устод Мирзо Турсунзода ба соли таърихӣ - 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар давоми чанд моҳи гузашта доир ба рўзгор ва осори шоир даҳҳо ҳамоиши илмӣ, конференсия ва чорабиниҳои мактабӣ гузаронида шуданд. Дар замони мо дар мисоли зиндагиномаи шоир ва фаъолияти адабӣ ва ҷамъиятии мавсуф тарбия кардани насли наврас бисёр муҳим аст. Ҳар як шеъри шоир ифодакунандаи эҳсоси поки дили орзупарвари ўст, ки хондану азбар кардани он ҷаҳони маънавиёти хонандагонро ғанитар мекунад.

Мавзўъҳои сулҳ ва дўстӣ ҷавҳари эҷодиёти устод Турсунзодаро ташкил медиҳанд. Азбаски замони мо даврони зиддиятҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, тарғиб кардани сулҳу дўстӣ барои суботу оромии ҷаҳон ниҳоят муҳим мебошад. Силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод», «Қиссаи Ҳиндустон» ва достони «Ҷони ширин» лабрез аз афкори сулҳпарваронаю дўстхоҳона аст:

Мо сафар дорем бо амри Ватан,

Бо супоришҳои халқи хештан.

Дўстиро ҷустуҷў дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугў дорем мо.

Азбаски ҳама гуна ободӣ ва комёбӣ дар заминаи сулҳу суботи ҷомеа даст медиҳад, талқин кардани ин ҳақиқати бебаҳс шарт аст. Зеро пайравони Аҳриман ҳеҷ гоҳ аз фитнаангезиву моҷароҷўӣ даст намекашанд. Ҷангҳои дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Ливия, Фаластин, Афғонистон, Яман шудаистода натиҷаи пиндори сиёҳ ва нафси шуми заҳҳокзодагон аст.

Калимаҳои Сулҳ ва Дўстӣ сипари орзуҳои инсонӣ ва гулистони зиндагониянд. Саодати фарзанди одам ҳам ба ин ду вожа вобаста аст.

Устод Турсунзода ҳимоя кардани дастовардҳои фарҳангии умумиинсониро фарз медонад, зеро ягона неъмате, ки метавонад инсониятро неру бахшад, фарҳанги асил аст; ҳамон фарҳанге, ки бо сулҳу дўстӣ гиреҳ хўрдааст, ҳамон фарҳанге, ки сабаби бақои башарият шудааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беорому рўзафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти дўстон,

Ҷангҷўёнро кунад шармандаи рўи ҷаҳон.

Дастовардҳои сӣ соли соҳибистиқлолӣ ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро водор мекунад, ки зираку ҳушёр ва бедордил бошад. Хусусан, мо, омўзгорон, дар тарғиби ғояҳои ватанпарварона ва сулҳу дўстӣ бояд намунаи ибрати дигарон бошем. Дар ин роҳ ашъори дилнишини устод Турсунзода ҳамнафасу илҳомбахши мост. Сулҳу амният сабаб шуд, ки мо Ватан обод кардем, Роғун сохтем, нақбҳои замонавӣ канда, минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро ба ҳамдигар пайвастем.

Дар ин комёбиҳо ашъори оташин ва оламгири устод Мирзо Турсунзода илҳомбахш ва ҳидоятгари мо буд.

Ойимгул ҚУРБОНОВА,

омўзгори МТМУ №82,

 ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш