Нашрияи Омӯзгор

Кўдакони маъюб парасторӣ мешаванд

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Мактаб - интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кўлоб дар деҳаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кўлоб ҷойгир буда, соли 1960 ҳамчун мактаб-интернати таҳсилоти умумӣ барои кўдакони бепарастор ва оилаҳои камбизоат таъсис ёфтааст. Муассисаи мазкур соли 1969 бо қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати ёрирасон табдил дода шуда, барои ҷалби хонандагони фикран қафомонда аз оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоати минтақаи Кўлоб пешбинӣ шудааст. Муассиса аз бинои асосии дуошёнаи дорои 14 синфхонаи таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ барои 135 нафар тарбиятгиранда ва 5 устохонаи таълимӣ иборат буда, ошхона барои 135 нафар, варзишгоҳ ва ҳаммом иборат мебошад. Мактаб - интернати ёрирасон тибқи Оинномаи худ таълиму тарбияи кўдакону наврасони фикрану ҷисман нўқсондорро аз рўи барномаи махсуси таълимоти касбӣ - меҳнатӣ ва раҳнамои касбӣ оид ба азхуд намудани ихтисос барои кўдакони фикран қафомонда ба роҳ мондааст. Дар мактаб - интернат кўдакони аз ҷиҳати қобилияти фикрию ҷисмонӣ заифи синни 7-16-и минтақаи Кўлоб бо тавсия ва хулосаи комиссияи тиббӣ ба таълиму тарбия аз рўи барномаи махсуси таълимӣ фаро гирифта мешаванд. Тавре ки директори мактаб-интернат Сурайё Бадарғаева, ки аз соли 2019 то имрўз сарварии ин парваришгоҳро ба уҳда дорад, мегўяд, дар соли хониши 2020-2021 150 нафар тарбиятгиранда аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб дар 11 гурўҳ фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 55 нафар омўзгору мураббия таълиму тарбия медиҳанд. Дар мактаб-интернат аз синфи 5 сар карда, хонандагон дар ҳар як синф бо зергурўҳҳо ҷудо шуда, касбҳои пойафзолдўзӣ ва дуредгариро меомўзанд. Заминаи моддӣ-техникии мактаб-интернат ба талаботи имрўзаи таълим ҷавобгў буда, 5 устохонаи таълимӣ бо таҷҳизоти навин дар ихтиёри хонандагон мебошад. Бо маблағи як миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон мактаб-интернат аз таъмири пурра бароварда шуд.  Соли даҳум аст, ки муассисаи мазкурро ҶСШК «Барқи тоҷик» тибқи дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарпарастӣ мекунад. Ширкати мазкур дар арафаи ҷашнҳои таърихӣ тарбиятгирандагони мактаб-интернатро бо маводи ғизоӣ, сару либоси мактабӣ ва ашёи хониш таъмин мекунад. Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати номбурда толори варзишӣ ва роҳравҳои бинои муассисаро бо маблағи 22000 сомонӣ аз таъмир баровардааст. Аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатии «Пешрафт» 12 адад компютер ба шабакаи ИНТЕРНЕТ пайваст гардидааст. Тарбиятгирандагон дар ошхонаи мактаб-интернат се вақт бо хўроки гарм таъмин мебошанд. Ошпазҳову мураббиҳои мактаб-интернат кўшиш мекунанд, ки таркиби хўроки тайёркардаи онҳо аз сабзавоти гуногун иборат бошад, то ин ки тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз хўрокҳои серғизо истеъмол намоянд. Бо вуҷуди ин, дастгирии молиявӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ба мактаб - интернат кам дида мешавад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш