Дар ноҳияи Ванҷ дарахту бутта, гиёҳу рустаниҳои бешумор, аз қабили кавар, ҳазориспанд, зира, чойкаҳак, хуч, ширинбия, паплағ, коснӣ, пудина, шулха, ангат, забони гов, раҳдавак, бобуна, зелол, бўи модарон … мерўянд. Дар замонҳои қадим, вақте ки одамон ба касалиҳои гуногун гирифтор мешуданд, табибони халқӣ баҳри муолиҷаашон танҳо аз рустанӣ ва гиёҳҳо истифода мебурданд.
Аз гуфтаҳои бузургони олами тиб ва табиатшиносӣ маълум мегардад, ки бисёр намудҳои рустанӣ ва гиёҳҳо хусусияти шифобахшӣ доранд.
Кавар зиёда аз 45 ҷинс ва 80 намуд дорад. Ду ҷинсаш дар кишвари мо мерўяд. Ин доругиёҳро кабар, куабарак, кабро, кабара, камарак, арманка, бодиринги ҷайра, гули қурбоққа, ҷайрабодиринг низ ном мебаранд. Меваи кавар зиёда аз 18 фоиз сафеда, 36 фоиз равған, то 32 фоиз рутин, 27 фоиз йод ва дигар моддаҳо дорад. Ҳамчунин, гиёҳи кавар аз элементҳои кимиёвии карбон, гидроген, оксиген, магний, оҳан, калтсий бой аст. Донишмандони соҳаҳои табиатшиносӣ ва тиб собит кардаанд, ки кавар ба зиёда аз 80 беморӣ дармон мебахшад. Дар замонҳои қадим табибони халқӣ рустании каварро барои табобати шахсони гирифтори бемории фалаҷ, дарди сару дандон, устувор намудуни кори рагу мушакҳо, инчунин, пойдард, буғумдарду миёндард, зардпарвину захми меъда истифода мебурданд ва ҳоло ҳам истифода мебаранд. Ман ҳамчун омўзгори табиатшиносӣ бо собиқаи беш аз чилсола ба шогирдонам гўшзад менамоям, ки тамоми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, аз ҷумла, ноҳияи Ванҷ дорухонаи нодиртарини табиии на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳон мебошад. Солҳои зиёдест, ки гиёҳшиносон ва умуман, табиатшиносони ванҷӣ, (аксарашон омўзгорони химия, биология, география ва табиатшиносӣ) аз рустанӣ ва гиёҳҳои водиҳои Ванҷи боло, Язғулом ва Вотхуд доруворӣ тайёр мекунанд. Онҳо бо ин амал шогирдони мактабхонашонро, ки ба олами рангини табиати ин диёри пурганҷ шавқу ҳаваси зиёде доранд, ба ин пеша дилгарм месозанд. Хонандаи мактаби мо Шифои Кобулӣ аз рустании кавар чандин намуди дору тайёр мекунад ва ба дардмандон ройгон пешкаш менамояд. Ў гули ношукуфтаи ин гиёҳро ҷўшонида, шахсони ба гулўдард мубталоро дармон менамояд. Аз меваи кавар мураббо тайёр мекунад, малҳами онро ба беморони гирифтори касалии бавосир (геморрой) тавсия медиҳад. Шахсони мубталои тарбод ва зардпарвинро оби ҷўшонидаи кавар менўшонад. Ин шогирди табиатдўстамон пўсти бехи каварро тарошида, барои дур кардани доғи рўй ва меваи хушки онро барои тавонбахшии бадан ба ғизо омехта намуданро тавсия медиҳад. Ҳамчунин, меваи сурхшудаву кафидаи ин гиёҳи нодирро барои афтонидани санги гурда истифода мебарад. Ба дардмандон мефаҳмонад, ки кавар мазаи тунду талх дорад, аз ин рў, онро намак карда, дар сирко омезанд ва агар асал бошад, бо асал омехта истифода баранд.
Шифои Кобулӣ ба муқобили бемории сироятии Ковид-19 чанд амали муфидро ба ҷо меорад. Вай ба омўзгорону хонандагон ва инчунин, ҳамдеҳаҳо тавсия медиҳад, ки мева, реша, поя, баргу гули рустании каварро ҷамъ карда, ҳам хушк ва ҳам тарашро дар тағораи об андохта, оббозӣ кунанд. Барои тоза ва тамиз кардани манзилҳои истиқоматӣ, инчунин, синфхонаҳо ва сару либос оби кавари ҷўшонида хеле муфид аст. Шахсони ба гулўдард гирифторро мебояд, ки даҳону гулўяшонро бо оби кавар ғарғара намоянд. Ин хонандаи босалиқа бо боварӣ мегўяд, ки барои табобати чандин беморӣ аз рустании кавар доруворӣ тайёр карда метавонад.
Азизхоним Додихудоева,
омўзгори биологияи МТМУ №16-и ноҳияи Ванҷ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр