Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Зарнисор

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, деҳаи Зарнисори ноҳияи Деваштич 5 синфхонаи иловагӣ барои 120 нафар хонанда сохтаву мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи синфхонаи иловагӣ намояндаи ваколатдори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Каримзода Мирзоқосим ва раиси ноҳияи Деваштич Ашўралӣ Ҷалилзода иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Бояд қайд намуд, ки маблағи умумии бино 786 ҳазор сомонӣ буда, соҳибкорони маҳаллӣ Тўйчӣ Абдуллоев, Зуҳриддин Ҷамолов,  Ойбек Отаҷонов, Нуриддин Алимов  дар бунёди муассиса саҳм гузоштанд.

Маратҷон ҶАББОРОВ,

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш