Нашрияи Омӯзгор

Маросими муҳргузории нишонаҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

 

13.09.2021  дар шаҳри Душанбе маросими муҳргузории нишонаҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20-солагии таъсиси ин созмон баргузор гардид.

Маросими мазкур дар ҳошияи 20-солагии ҷаласаи Созмони ҳамкории  Шанхай, ки соли равон Тоҷикистон раёсати онро бар зимма дорад, доир гардида, дар он иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Аҳмад Саидмуродзода, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва  давлатҳои узви СҲШ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки 8 сентябр дар  маросими бошукўҳи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз муассисони ин созмони бонуфуз мебошанд, аз ҷумла зикр карданд, ки ин созмон 20 сол пеш барои ҳифзи амнияти кишварҳои минтақа таъсис ёфта буд.  Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи 20-солагии СҲШ Ҳукумати мамлакат супориш дод, ки  муҳр ва нишони ҷашнии ин ҷаласаи бонуфуз омода карда шавад.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш