Нашрияи Омӯзгор

Ҳикоятҳои ҳикматомўз

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Дар мактаб ҳар амалу гуфтор, ҳар дарсу машғулият, ҳатто ҷузъитарин ҳодиса бо тарбия иртибот дорад. Мурод аз таълим  низ, пеш аз ҳама, тарбият аст. Оне, ки тарбияи комил нагирифтааст, дар омўзиш ба комёбӣ нахоҳад расид. Ҷомии бузургвор ҳушдор ба муҳассилин додааст:

«Боядат аввал адаб омўхтан!» Фармудаи зерини шоири тавоно Камолиддини Биноӣ як навъ раҳнамои толибони илмро мемонад:

Толиби илмро адаб бояд,

Бо адаб саъй дар талаб бояд.

Дар талаб ҳар касе, ки беадаб аст,

Гар ба мақсуди худ расад, аҷаб аст!

Аз ин ҷост, ки муаллифони китобҳои дарсӣ кўшидаанд, то дар китобҳояшон ҳар чи бештар аз матнҳои дорои хусусияти тарбиявӣ истифода намоянд.

Ҳангоми  таълими шогирдон мо, омўзгорон, мекўшем, ки тавассути ин матнҳо ба тарбияи маънавии онҳо таъсиргузор бошем, то онҳо боодобу хушрафтору нексухан гарданд. Дар китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» мо, аз ҷумла, ба матнҳо аз эҷодиёти нависандаи шинохта Абдурауф Муродӣ дучор меоем, ки хеле андарзбор, самимию ҷолибанд ва забони шевою пуробуранг доранд.

Вобаста ба ин таваҷҷуҳи мо ба осори ин адиби хушқалам афзудаасту мекўшем, ки илова ба китобҳои дарсӣ навиштаҳои дигари ўро дастрас ва дар дарсҳоямон истифода намоем. Шахсан ман борҳо мушоҳида кардаам, ки хонандагон китобҳои А. Муродиро бо шавқу мароқи том мутолиа мекунанд ва дар атрофи хондаҳояшон байни ҳам баҳсу суҳбатҳо меороянд. Дар китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» - и синфи 5 - ум «Дарди падар» ном ҳикояти пандомўзи А.Муродӣ ҷой дода шудааст, ҳикояти хурд, вале хеле пурмаъно.

Ман вобаста ба ин ҳикоят дар синфи  5 - ум аз шогирдонам навиштани нақли хаттиро талаб кардам. Аввал матни ҳикояро бо усули хониши адабӣ ба хонандагон қироат намуда, мухтасаран мазмунашро шарҳ додам.  Ҳис  кардам, ки ба шогирдон ҳикоят хеле мақбул шудааст. Нақли хаттиро онҳо аз вақти муқарраршуда зудтар навиштанд. Дар вақти боқимонда аз шогирдон хоҳиш кардам, ки таассуроташонро аз мазмуни ҳикояти «Дарди падар» нақл кунанд. Суҳбати гарму самимие ба миён омад. Яке гуфт, ки ҳодисаҳои ҳикоят гўё дар пуштаҳои деҳаи мо ба вуқўъ пайвастааст, дар мавсими дарав, манзараи шинос, воқеӣ.

Дигаре гуфт, ки ҳар яки мо бояд қадри падар бидонем, ўро эҳтиром кунем, бо ў дуруштгуфтору дағалрафтор набошем.

Ба хонандаи сеюм кўтоҳу пурмазмун будани ҳикоят маъқул шудааст, забонаш низ.

Шогирдонам ҳама изҳор доштанд, ки мазмуни ин ҳикоятро дар хона ба волидонашон нақл хоҳанд кард…

Бори дигар бо хонандагон вобаста ба «Модар» ном ҳикояти хурду пурмаънои нависанда Абдурауф Муродӣ  дарси нақли хаттӣ баргузор намудам. Ин ҳикоят низ ба онҳо хеле ва хеле маъқул шуд. Чанд  нафар онро  чун шеър азёд  ҳам карданд.

Бо хоҳиши шогирдонам ман боз чанд ҳикояи ҳикматбори ин адиби боистеъдодро дастрас ва барояшон қироат намудам…

Матни хубу бомазмун ва дорои забони шеваю ҷозиб ҳам ба такмили одобу рафтори хонандагон таъсири бафайз мерасонад, ҳам дарси омўзгорро рангину пурмуҳтавою босамар месозад. Хуб мебуд, ки чунин матнҳо ба китобҳои дарсӣ ҳар чи бештар ворид карда шаванд. Адаб ҳамеша бартарӣ нисбат бо таълим дорад ва аз ин ҷост, ки мактабро адабсаро ҳам мегўянд. Раҳматии падарам, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳим Кобулиев ин байти сараро ҳар гоҳ батакрор ба забон меоварданд:

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Рустам Кобулиев,

омўзгори забон ва адабиёти

МТМУ №96-и ноҳияи Рашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш