Нашрияи Омӯзгор

ВМКБ: қадамҳои устувор

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон Ёдгор Файзов тамоми омўзгорон ва хонандагони вилоятро ба ифтихори оғози соли таҳсили 2021-2022 табрик гуфта, аз ҷумла, мавсуф қайд намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф дар кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон рў ба инкишоф ниҳода, дар давоми 16 сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат аз 13,5 млн сомонии соли 2005 ба 139,9 млн сомонии соли 2020 афзоиш ёфта, суръати афзоиши маблағгузории соҳаи маориф дар ин давра 10,4 баробарро ташкил дод.

Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф низ дар ин давра афзоиш ёфта, аз 71,5 сомонии соли 2005 ба 1302,9 сомонии соли 2020 расид , ки суръати афзоиши он 18,2 баробарро ташкил медиҳад. Дар вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо маблағгузорӣ афзоиш ёфта, 193 муассисаи таълимӣ ба малағи 349 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони 4 бинои маъмурии шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бинои раёсати маориф вилоят бо маблағи 26 млн сомонӣ, 4 кўдакистон бо маблағи 16 млн 343 000 сомонӣ бунёд, таҷдиду азнавсозии 190 мактаб бо маблағи 347 миллиону 130 сомонӣ аз ҷумлаи чунин бунёдкориҳо мебошанд.

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон Ёдгор Файзов, инчунин, қайд намуд, ки сол ба сол хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаҳои фаннӣ ва номӣ саҳми бештар гирифта, шумораи бештари ҷойҳои ифтихориро дар олимпиадаҳои фаннӣ ба даст оварда истодаанд.

 Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,

 «Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш