Дар толори раёсати маорифи вилояти Хатлон бо иштироки кормандони соҳаи маорифи минтақаи Кӯлоб ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Мудири бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб П. Сабуров иброз дошт, ки дар ноҳияи Данғара муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №75 барои 640 ҷойи нишаст, №76 барои 240 ҷойи нишаст дар як баст, дар ноҳияи Фархор муассисаи таҳсилоти ибтидоии №66 барои 100 ҷойи нишаст ва дар назди муассиса таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Восеъ ду синфхонаи иловагӣ барои 48 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Шумораи муассисаҳои томактабии минтақа 40 ададро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 80 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи 41 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудааст.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр