Нашрияи Омӯзгор

Ҳуқуқдонҳоро тарбия намоем

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Дар сарзамини тоҷикон асосгузори мактаби ҳуқуқии ҳанафӣ ва тадвинкунандаи он Имоми Аъзам мебошад, ки китоби ў “Ал-фиқҳ-ал- акбар”, инчунин, “Китоб-ал-хараҷ”-и Қозӣ Абў Юсуф, “Ҳидоя”-и Бурҳониддини Марғелонӣ, “Мухтасар”- и Убайдуллоҳ ибни Масъуд, “Насиҳатнома”- и Тоҳир ибни Ҳусайн, “Насиҳат- ул-мулук”- и Муҳаммад Ғазолӣ, “Сиёсатнома”- и Насириддини Тўсӣ, “Ахлоқи муҳсинӣ”- и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, “Захират-ул-мулук”- и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва амсоли инҳо то ба имрўз дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди истифодаи васеъ қарор доранд.

Таълиму тарбияи ҳуқуқиро аз рўи сарчашмаҳои суннатҳои ниёгон  ва    мувофиқи талаботи замони ҷаҳонишавӣ  миллӣ карда, дар муассисаҳои умумӣ ва асосӣ,  боз ҳам такмил мебояд, то ки баъди омўзонидан, ояндагони мо масъулияти худшиносию худогоҳии миллиро хубтар дарк карда, бар дўши худ гиранд ва баъди ҷидду ҷаҳд, кўшишу ғайрат карданашон, нангу номуси виҷдониашонро аз номуси нафсониашон дида, боз ҳам қавитар гардонанд ва ҳиссиёту ҳувияти ватандорию ватанпарвариро боарзиштару беназиртар кунонанд.

Итоат ба қонун  яке аз сарчашмаи маънавии тамаддун ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои давлат, хусусан, дар баланд бардоштани сатҳи унсурҳои шаҳрвандӣ: хирад, озодӣ, некуаҳволӣ ва адолат қувваи зўр мебахшад. Омўзонидан ва одат кардани  итоат ба қонун,  аз синни   мактабӣ  нақш бар санг  буда, дар сабзиши шуури ахлоқӣ ва ҳуқуқии хонандагон нақши муҳимтару заруртарро мебозад.

Нисбат ба сурат ба сирати  хонандагон, ба таълиму  тарбияи донишҳои ҳуқуқию ахлоқӣ, маърифаткунонии онҳо эътибори бисёр мебояд, то ки  ҷаҳонбинӣ, ҷаҳонфаҳмӣ, ҷаҳондонии маънавию моддиашон васеъ шуда, арзиши шуури ҳуқуқии онҳо боз ҳам беҳтару хубтар гардад. Дар моддаи 5-и Конститутсияи Тоҷикистон  омадааст: “Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.” Дар ҳақиқат,  инсон то дами охирин нафасаш ниёз ба таълиму тарбия дорад,  бояд инсон хонад, фаҳмад, пурсад ва амал кунад, то ки бидонад. Чуноне ки устод Айнӣ фармудаанд: “Донистан самараи хондан, фаҳмидан ва амал кардан мебошад”.

Маданияти ҳуқуқии давлат аз сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқии аҳолӣ вобаста буда, аҳамияти он дар бунёд кардан ва инкишофи ҳаёти бобаракати  ҷомеаи солими мутамаддин нақши калон мебозад. Файласуфи машҳур Арасту фармуда: “Давлати ҳуқуқбунёд маънои робитаи зичи давлат бо ҳуқуқро дорад”. “Қонун бояд ба ҳама ҳукмронӣ кунад”. Мутафаккир, файласуфи  дунёи қадим Афлотун дар ин бора фармудааст: “Он ҷое, ки қонун фармонфармои ҳокимон аст ва онҳо ғуломи қонунанд, ман наҷоти давлат ва ҳама гуна хайру саховатро  дар ҳамон ҷо  мебинам”.

Маърифат ва ҳуқуқро барои он меомўзем ва меомўзонем, ки он ақлу нафс ва амалҳои хонандагонро ба низом дароварда, тафаккуру ҷаҳонбинияшонро васеъ мегардонем, то ки онҳо  дар оянда ҳамчун амалфармо ва амалдори содиқу бомаърифату   боинсоф содиқона хидмати миллату ватанро пеш баранд. Фанни ҳуқуқ роҳнамову роҳбалади ҳар як насли навраси бошарафу босаодати ояндаи кишвар шуда, ҳуқуқу озодиҳояшонро равшан намуда, вазифаю уҳдадориҳояшонро мушаххас карда, комёбиҳои моддию маънавиашонро ривоҷу равнақ дода,  насли наврасро ҳамқадами замона мегардонад. 

  Насли наврас агар таърихи  давраи баланди тамаддуни эҳёи миллатро аз китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров равшану возеҳ омўзанду амал кунанд, он гоҳ ақлашон пухтаю доною батадбир шуда, ҳувияту ҳиссиёти    миллии онҳо нур болои нур мешавад ва соҳиби  ифтихору сарфарозӣ  мегарданд.

Агар дар мактабҳои миёнаи умумӣ ва  умумии  асосӣ  аз  ҳисоби ё  ихтисор,  ё  мухтасар  кардани   фан  ва  ё  мавзўъҳои  таърихи  умумӣ, дунёи  қадим,  географияи  ҷаҳонӣ  (масъулин боз хубтар ва  беҳтар  медонанд), соатҳои  фанни “Асосҳои  давлат ва ҳуқуқ”- и  синфи  9  ва  “Ҳуқуқи  инсон”- и  синфи  11 - ро  дар  як ҳафта  дусоатӣ  карда   ва  дар  охири  сол  имтиҳони хатм  дар  синфи 11 ба  роҳ  монда  мешуд, хеле  хуб  ва  иқдоми  саривақтӣ   мебуд.

Дар айни  замон  дар  китоби   синфи   8   43  мавзуъ,  дар  синфи  10 63  мавзуъ  (дар  ҳаҷми  300  саҳифа), дар  синфи   11  49  мавзуъ  дар  ҳаҷми  300  саҳифа,  бо  ҳарфи  хурд  чоп  шудаанд,  ки  ин  мавзуъҳоро  дар  37  соати  дарсӣ,  хонандагон  ҳазм  карда наметавонанд.  Ҳамагӣ  аз  синфи  8  то  11  240  мавзуъ  дар  ҳаҷми  1100 саҳифа ҳаст  ва мувофиқи   барномаи  таълимӣ  148  соат  ҷудо  карда  шудааст, ки 92  соат  дарси  зиёдатист.                                                            

Вақте ки  мавзуъҳои  заруру  муҳим  дар  умури  сиёсӣ,  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ   ҳасту  хонандагон  онҳоро  нағз аз худ   накунанд,  ё дар бар нагиранд, ба ин  аҳвол  рафта-рафта   шуури   маданӣ,  ҳуқуқии  онҳо  дар   сатҳи  паст   қарор  гирифта, ҳисси  миллӣ, эҳсос, табъ, нанг ва номуси ҳуқуқиашон низ дар оянда поин   шуда, талаботи замонашон қонеъ намегардад.                             

     Муъмин АМОНЗОДА,

ҳуқуқшинос, омўзгор,

ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш