Нашрияи Омӯзгор

Кўдакистони фаромўшшуда

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба рушди муассисаҳои томактабӣ, таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кўдакон, фарогирии теъдоди бештари онҳо ба ин муассисаҳо диққати хоса медиҳад.

Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 159 муассисаи томактабӣ ва 840 маркази инкишофи кўдак фаъолият дошта, дар маҷмўъ, 39445 тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Соли ҷорӣ 32 иншоот барои 4807 ҷойи нишаст дар як баст бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб 49 муассисаи томактабӣ ва 442 маркази инкишофи кўдак фаъолият дошта, 17154 кўдакро ба таълиму тарбияи томактабӣ дар бар  гирифтаанд, ки 13%-ро ташкил медиҳад. Дар 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба таълиму тарбияи 1356 нафар кўдаки синни томактабӣ 57 нафар мураббӣ машғуланд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ 1181 нафар, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ 175 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Дар баробари ин, дар назди 35 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кўлоб 41 гурўҳи Маркази рушди барвақтии кўдакон ё марказҳои инкишофи кўдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 757 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бинои кўдакистони деҳаи Офтоблиқо дуошёна буда, дорои 12 ҳуҷра мебошад. Масоҳати ишғолнамудаи муассиса 1 га заминро дар бар мегирад, ки дар он биноҳои ёрирасон, бинои таъмини ягонаи гармидиҳӣ ҷойгир буда, бо мурури замон талаву тороҷ шудааст. Бинои асосии кўдакистон мустаҳкам буда, бо гузаштани солҳо, аз беаҳамиятии масъулини хоҷагии кооперативии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вайрону валангор гардидааст. Аз тарафи дигар, қисмати болопўши бино вайрон гардида, дар фаслҳои сол барфу боришоти зиёде ба дохили бино даромада, фаршу деворҳои биноро хароб намуда, ба ҳолати садамавӣ дучор намудааст. Рўзе, ки мо барои дидани ҳолати бинои кўдакистон ба он ҷо омадем, шоҳиди он шудем, ки як гурўҳ кўдакону наврасони 5-6 солаи деҳа дар дохили бинои валангори муассиса бозӣ мекарданд. Як писарбача гуфт, ки дар дохили бино асбоби мусиқии вайронаи пианино гузошта шудаасту мо бо истифода аз он мусиқӣ менавозем. Дар як ҳуҷраи дигар дастгоҳи пахтатозакунии вайронаро дидем, ки то солҳои наздик кор мекардааст. Дар дохили бино дару тирезаҳо дар ҷойҳояшон ҳастанду аз таъсири барфу боронҳои пайдарпай вайрону валангор гардидаанд. Деҳаи Офтоблиқо яке аз калонтарин деҳаҳо дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба шумор рафта, зиёда аз 550 хоҷагӣ дар он зиндагӣ мекунад, ки дар ин хоҷагиҳо 4066 нафар аҳолӣ ва 567 нафар кўдаки синни 1-6 сола зиндагӣ мекунанд. Пас, суоле матраҳ мешавад, ки тақдири 567 нафар кўдаки синни 1-6 сола оянда чӣ мешуда бошад? Барои ёфтани ҷавоби суоли худ ва дигар проблемаҳои ҷойдошта ва барои ба чунин ҳолати ҳузновар афтодани бинои кўдакистони деҳа мо телефонӣ ба раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ Ҳусниддин Зардиев муроҷиат намудем. Ў дар ҷавоб гуфт, ки бинои кўдакистони деҳаи Офтоблиқо иншооти даврони Шўравӣ буда, дар ҳолати садамавӣ қарор дораду мебоист аз тарафи раиси хоҷагии кооперативии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кўлоб пурра таъмиру азнавсозӣ мешуду то рўзи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор мегирифт. Мутаассифона, раиси хоҷагии номбурда бо сабабҳои надоштани маблағ дар хазинаи хоҷагӣ барои азнавсозии муассиса азнавсозии онро ба соли 2022 мавқуф гузоштааст.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш