Нашрияи Омӯзгор

Бурди бузурги донишҷў

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи ”City Card“ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, дар шакли пурра ба роҳ мондани пардохти ғайринақдии роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бозии “Сафари бурднок”-ро миёни шаҳрвандон ва сокинони пойтахт гузаронида буд ва ҳосили ҳамаи даврҳои ниҳоии он, ки дар зарфи чаҳор моҳ тўл кашид, ҷамъбаст гардид. Дар ин озмуни ба таври ғайричашмдошт донишҷўи курси 3-юми факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Муллоназар Авезов ғолиб гардид.

 6 сентябри соли ҷорӣ дар толори бинои асосии донишгоҳ дар маросими тантанавӣ ғолиби бозии “Сафари бурднок” Муллоназар Авезов аз ҷониби муовини роҳбари лоиҳаи ”City Card“ - Садриддин Зиёваддинов калиди автомашинаи сабукрави тамғаи “Hyundai Accent” тақдим карда шуд.

Ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ донишҷўи ғолибро табрик гуфта ба ў, ки ҳанўз шаҳодатномаи ронандагӣ надорад, ваъдаи мусоидат намудан барои таҳсил дар курси таълимӣ - ронандагиро дод.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш