Мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳуриро бо шукўҳу тантана ва дар рўҳияи баланди идона таҷлил намуданд. Дастовардҳои халқи азизамон ба ин ҷашни фархунда хеле зиёду арзанда ва далели муҳаббати ҳамагон ба Ватани азиз мебошанд.
Таҷлили пуртантанаи солгарди истиқлол бори дигар ягонагиву ваҳдат ва саодатмандию меҳанпарастии тоҷиконро собит намуд. Мардуми бостонгуҳари мо тавассути бунёдкориву созандагиҳо ба ифтихори 30-солагии истиқлол як навъ таъкид бар он карданд, ки Тоҷикистон истиқлоли пояндаву бегазанд дорад ва тамоми сокинони он пайваста баҳри устуворсозии пояҳои давлати соҳибихтиёри худ ҷидду ҷаҳд менамоянд. Ба истиқлоли давлатӣ расидан бузургтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист буд, ки онро аслан садсолаҳо боз ин халқи куҳанбунёд ва ваҳдатшиору тамаддунпарвар орзу дошт. Ҳар халқу миллат, пеш аз ҳама, дар заминаи истиқлолу соҳибдавлатиаш рушд меёбад, мавқеъ устувор месозад, шинохтаву эътироф мешавад. Истиқлол шаъну шараф, сари болои миллат аст. Ин нуктаи муҳимро тантанаҳои идона дар кишвар бо муносибати солгарди истиқлол боз ҳам тасдиқгар гаштанд.
Суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки 8-уми сентябри соли равон дар ҷамъомади тантанавии идона дар Кохи Борбад ироа шуд, як навъ инъикосгари дастовардҳои халқи тоҷик дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ гардид. Ин суханронӣ собитгари он буд, ки халқи шарафманди тоҷик дар давоми 30 сол чӣ роҳеро тай кард, чӣ воқеаҳоеро аз сар гузаронид ва ба чӣ рўзҳои пурсаодат бирасид. Сарвари кишвар дар оғози суханрониашон истиқлолро чунин тавсиф бахшиданд:
«Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад».
Дар ҳақиқат, истиқлол дар ҳаёти халқи тоҷик марҳилаи тозаеро боз кард ва ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат мусоидат намуд. Ба таъкиди Сардори давлатамон, Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ дар даҳ соли охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дар самти пешбурди соҳибкорию сармоягузорӣ дохил гардид. Яке аз дастовардҳои барҷастаи халқи тоҷик дар оғози соҳибистиқлолӣ, расидан ба сулҳу осоиштагии миллӣ ба шумор меравад. Сулҳи тоҷикон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ камназир аст ва аз ин ҷост, ки аз ҷониби пажўҳишгарони зиёди арсаи сиёсат мавриди таҳлилу омўзиш қарор гирифтааст ва обрўафзои Ватани маҳбуби мо гардидааст.
Пешвои муаззами миллат дар суханронии идонаашон ба масоили илму фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «баъди ба даст овардани неъмати бузурги истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои милливу фарҳангии мардуми куҳандиёрамон оғоз кардем». Дар ин ҷода низ комёбиҳои халқи азизи мо зиёд аст ва месазад, ки ҳамагон аз ин комёбиҳо ифтихорманд бошему барои минбаъд низ афзудани нақши миллатамон дар пешрафти тамаддун ҳиссагузорӣ намоем…
Ман беш аз 90 сол умр дорам. Истиқлоли ҷумҳурӣ сӣ сол қабл аз ин барои ман марҳилаи тозаи ҳаётро ифтитоҳ бахшид. Сарбаланду ифтихормандам, ки шоҳиди ба истиқлол расидани Ватанам гаштам.
Таманнои онро дорам, ки халқи фархундаи тоҷик абадан соҳибистиқлолу саодатманд боқӣ бимонад.
Комилшоҳ МАҲМУДОВ,
собиқадори маориф,
ноҳияи Варзоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр