Нашрияи Омӯзгор

Ҳифзи истиқлол мароми мост

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Мардуми сарбаланди тоҷик имсол ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон – Тоҷикистони озоду ободро таҷлил менамоянд. Ин ҷашни таърихӣ ҳар як шаҳрванди баору номусро водор менамояд, ки бо дилу нияти пок, софдилона баҳри ободию осоиштагии Ватани маҳбубамон заҳмат кашад, меҳнат намояд ва дар бинои кохи муҳташами Истиқлоли давлатӣ нақши арзандаи хешро гузорад.

30 сол барои таърих он қадар ҳам муҳлати тўлонӣ нест. Аммо мо чӣ ғаму шодӣ, дарду ранҷ, ободию вайрониро паси сар кардем, насли калонсол хуб медонанд. Насли наврас низ бояд дарк намоянд, ки Тоҷикистони азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ бо дасисаи душманони хориҷию дохилӣ кашида шуд. Дар баробари мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсири буҳрони молиявии ҷаҳон ба кишвари мо низ расид, аммо ин рўзҳои сахт зуд мегузаранд, барои миллати сарбаланди тоҷик ҳифзи Ваҳдат, сулҳу субот ва ормонҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Авзои Шарқи Наздик, воқеаҳои Сурияву Ироқ, вазъи имрўзи Афғонистон ҳар як шахсро ба андеша водор менамояд ва чун даҳшати ҷанг ва харобаву валангории шаҳрҳои як замон обод ва фарҳангии ин кишварҳоро тавассути оинаи нилгун мебинед, дили кас ба фиғон меояд. Устод Лоиқ Шералӣ дар як шеъри хеш  хуб фармудаанд:

Ҳар дам фиғони кўдаке ояд ба гўши ман,

Чун синаҳои модари ўро буридаанд.

Ҳар лаҳза оҳи модаре ояд ба гўши ман,

Чун қалби софу синаи тифлаш даридаанд.

Се қисмати ҷаҳон ҳама об асту воаҷаб,

Аз чӣ мудом ташнаи хунед, қотилон?

Ободии ҷаҳон агар дархурдатон набуд,

Аз модарони худ чаро зодед дар ҷаҳон?

Мо бо шукрона аз сулҳу ваҳдат ва оромию суботи кишвари азизамон ҳамлаҳои террористиро шадидан маҳкум менамоем.

Аз номи дини мубини ислом бо номи ҳизбҳои исломию давлати исломӣ даст задан ба чунин аъмоли ношоиста ба ҷуз бадном кардани дину оин дигар коре нест. Имрўз дар шароити вазнини бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ, мо бояд ҷавононро дар рўҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем ва мутаассифона, дар ҷумҳуриамон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба мушоҳида мерасад. Ин нуктаҳо дар Паёми Президенти кишвар бо таври амиқ таҳлил гардиданд ва андешаҳои Сарвари кишвар перомуни ҳаводиси Шарқи Наздик ва ҳимояи дини мубини Ислом боиси дастгирист: «Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла, бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».

Ин суханони пурҳикмати Сарвари кишвар ҳар як шаҳрванди баору номус ва соҳибватанро бетараф гузошта наметавонад ва мо бояд дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ободии Тоҷикистони азиз бештар саҳми арзандаи хешро гузорем.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш