Нашрияи Омӯзгор

Ҷилваи парчам

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ маорифи кишвар ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Чопи китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, сохтмони садҳо муассисаи таҳсилоти томактабию миёнаи умумӣ, бо асбобу лавозимоти хониш таъмин кардани онҳо ва ғайра аз дастовардҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд. Натиҷаи ин ғамхориҳо буд, ки имрўзҳо кўдакону наврасон дар беҳтарин шароити таълимӣ таҳсил намуда, дар олимпиадаву озмунҳои гуногун, аз ҷумла, озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурўғи маърифат” фаъолона ширкат намуда истодаанд.

Мо ифтихор дорем, ки 30 сол қабл аз ин, нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Тавре огоҳ ҳастем, қадамҳои аввалини истиқлол бо ҷанги хонумонсўз оғоз гардид, ки он аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта ва 1 миллион гурезаро дар пай дошт. Ҷанги ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид. Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлоли энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд. Даврони истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани  кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Имрўз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст:

Ҷилваи парчами мо - Истиқлол,

Фараҳи ҳар дами мо - Истиқлол.

Мақсаду матлаби мо - Истқилол,

Беҳтарин мактаби мо - Истиқлол.

Марҷона Ғуломова,

мудири кўдакистони

“Бунафша”-и шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш