Нашрияи Омӯзгор

Зарурати ҳамоҳанг кардани мавзуъҳои илмӣ

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Ҷаҳони имрўз ҷаҳони илму технология мебошад. Ба даст овардани илму технология ва истифодаи он дар раванди идораи давлат бе ҳамоҳанг сохтани мавзуъҳои пажўҳишии муассисаҳои илмӣ бо барномаи амали вазорату кумитаҳо ғайримумкин аст. Роҳи осони ба вуҷуд овардани ин ҳамоҳангӣ муайян кардани талаботи ҳар як вазорату кумита мебошад. Вазорату кумитаҳо кори амалӣ мекунанд ва аз ҳама бартариву камбудиҳо дар соҳаи худ огоҳ ҳастанд.

Онҳо метавонанд масъалаҳои ҷориро муайян карда, дар шакли рўйхат ба муассисаҳои илмӣ-пажўҳишӣ ирсол кунанд. Ин рўйхат метавонад дар дастрасии озод бошад. Дар баробари муассисаҳои илмӣ-пажўҳишие, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дигар олимони алоҳида ва ё гурўҳи муайяни олимон метавонанд мавзуъҳои ҷориро мавриди омўзиши илмӣ қарор дода, натиҷаи онро ба вазорату кумитаҳои дахлдор расонанд. Агар роҳу усулҳои пешниҳодшуда аз ҷониби як гурўҳи пажўҳишгарон беҳтар бошад, вазорату кумитаҳо метавонанд онро амалӣ созанд. Дар ҳоле ки ин гурўҳи баранда аз буҷа маблағгузорӣ намешавад, вале иқтидори илмии баландтар дорад, масъалаи ба массисаҳои илмӣ-пажўҳишии давлатӣ ҷалб кардани аъзои он дида баромада шавад. Ин равиши кор рақобатро дар илм ба вуҷуд оварда, боиси рушди босуръати соҳаҳои гуногуни илм мешавад.

Мутаассифона, имрўз дар кишвари мо чунин ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмӣ-пажўҳишӣ бо муассисаҳои давлатӣ дида намешавад. Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ худ мавзўи пажўҳишии худро интихоб карда, бе супориши муайян аз ҷониби давлат онро мавриди омўзиш қарор медиҳанд. Дар натиҷа истеҳсоли ҳазорҳо мақолаи илмӣ таъсири назаррасе ба рушду пешрафти давлати миллӣ расонида наметавонад. Ин ҷо гунаҳгор кардани олимону пажўҳишгарон осон ба назар мерасад. Метавон фарёд зад, ки онҳо ба корҳои беаҳамият барои рушду пешрафти мамлакат машғул ҳастанд, вале масъалаи асосӣ будан ва ё набудани супориш ва дархостҳо аз ҷониби сиёсатмадорон аст. Вазорату кумитаҳо мушкилоти худро бо олимон дар миён намегузоранд. Дар ҳама кишварҳои пешрафта муваффақият бо роҳҳои илмӣ ба даст омадааст. Давлатмардон зарурати ҳамкории зич бо олимону пажўҳишгаронро дарк карда, дар баробари маблағгузории буҷетӣ мушкилоти худро бо олимон дар миён гузошта, роҳу усулҳои самараноки ҳалли онҳоро дархост мекунанд. Ҳатто аз пажўҳишгоҳҳои хориҷӣ кумак дархост мекунанд. Мисоли равшани ин ҳамкории ҳукуматҳои Ветнаму Эфиопия бо пажўҳишгоҳи ҷопонӣ мебошад. Ҳар як лоиҳаи илмӣ хеле ҷиддӣ омўхта шуда, аҳамиятноки он санҷида мешавад. Танҳо баъди рабт доштани мавзуъи лоиҳа ба мушкилоти ҷомеа он  маблағгузорӣ мешавад. Ин равиш ҳамасола такрор мешавад. Тими илмӣ-пажўҳишие, ки дуруст кор карда натавонад ва лоиҳаро ба таври қаноатбахш иҷро накунад, соли дигар маблағ гирифта наметавонад. Ҳатто агар ин тим дар муассисаи илмии давлатӣ кор кунад.

Дар ҷаҳони муосир шохаҳои илм хеле зиёд ҳастанд. Ҳеҷ кишваре наметавонад барои пажўҳиши ҳамаи он маблағу захираи инсонӣ дошта бошад. Ҳар кишвар бартариҳои нисбии худро дар шохаҳои муайяни илм дида, аҳамияти омўзиши онҳоро барои худ месанҷад ва баъдан барои пажўҳиш дар он самт шароит муҳайё карда, бо ҳадафҳои муайян маблағгузорӣ мекунад. Оё дар Тоҷикистони мо чунин омўзишҳои пешакӣ боре гузаронида шудаанд? Агар гузаронида  шуда бошанд, натиҷаҳои онҳо дар дастрасии озод ҳастанд ё не? Ба ҳар ҳол, мо ҳамчун пажўҳишгар ба чунин маълумот дастрасӣ надорем ва метавон ҳадс зад, ки чунин омўзишҳои пешакӣ ба хотири самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ гузаронида нашудааст. Ин аст, ки мо муассисаҳои илмии зиёд дорем ва ҳатто дар вазорату кумитаҳои алоҳида шуъбаву муассисаҳои таҳқиқотӣ вуҷуд доранд, вале  таъсири онҳо дар идораи давлатӣ дида намешавад. Дар ин пажўҳишгоҳҳо мавзўъҳои камаҳамият мавриди омўзиш қарор мегиранд ва баъди нашр шудан зуд аз хотир мераванд. Ҳанўз имкониятҳои одитарини технологияҳои иттилоотӣ мавриди истифодаи васеъ қарор нагирифтаанд, вале бо пули буҷети давлатӣ ҳуши маснуӣ меомўзанд. Ин ба мисоли навиштани китоб бе пурра аз худ кардани алифбо  ва самаранок истифода нашудани захираҳои маҳдуди буҷа мебошад.

Аз ин рў, эътироф кардани мавҷудияти камбудиву мушкилот ва бе омодагии амалӣ сохтани пешниҳодҳои илмии олимон аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳамоҳангии илм бо вазорату кумитаҳоро ба роҳ мондан душвор аст. Агар мушкилот мушаххас шуда, дархосту талаботи вазорату кумитаҳо ба муассисаҳои илмӣ-пажўҳишии буҷавиву ғайрибуҷавӣ сари вақт ироа гардад, ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Вазорату кумитаҳо шарики боэътимод дар симои пажўҳишгарон дошта метавонанд, ки ин ҳалли мушкилоти мавҷударо ба маротиб осонтар мекунад. Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар навбати худ мавзуъҳои муҳими барои ҷомеа зарурро метавонанд  омўзишу баррасӣ  кунанд. Натиҷаи тадқиқоти онҳо мушкилоти ҷомеаро ҳал карда, таъсири мусбати худро дар кору фаъолияти олимон мерасонад. Илова бар ин, рақобати озод дар ин соҳа, ки талаботи муассисаҳои давлатиро ба вуҷуд меорад, боиси сифатан дигар шудани пажўҳишҳои илмӣ дар Тоҷикистон мегардад.

Ҳамоҳанг сохтани фаъолияти олимон бо мушкилоти вазорату кумитаҳо вазни мавзуъҳои омўхташаванда дар муассисаҳои илмӣ-пажўҳиширо муайян карда метавонад. Ба ин маъно  бо маблағе,  ки ҳамасола барои соҳаи илм ҷудо мешавад, бояд аз ҳама бештар мавзўъҳои аввалиндараҷа омўхта шаванд. Маълум аст, ки дар ин давраи таърихӣ, ки ҳадафи асосии давлати миллии мо дастрасӣ ба ҷаҳиши иқтисодӣ мебошад, ба омўзиши мавзуъҳои иқтисодиёти рушд ва истифода аз технологияҳои нав дар ҳама гуна хизматрасониҳои давлатӣ бояд вазни бештар дода шавад. Албатта, наметавон илмҳои дигарро пурра сарфи назар кард, аммо ҳатман ҳар як соҳаи илм дар ин давраи таърихӣ бояд вазни худро дошта бошад. Кам кардани омўзиши адабиёту таърихи фалсафа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ба хотири сафарбар кардани маблағҳо ба соҳаҳои заруртар ногузир мебошад. Ин тарзи ислоҳот метавонад барои баъзе гурўҳҳо дард-нок бошад, вале ҳеҷ ислоҳоти муваффақ бегузаштанҳо аз баҳри чизе намешавад.  Агар мо хоҳем, ки маблағҳои маҳдуди ба соҳаи илму идораи давлатӣ сафарбаршударо самаранок истифода кунем, бояд ба баъзе мушкилоти бархоста тоб оварда тавонем.

Масъалаи ҳамоҳанг сохтани мавзуъҳои таҳқиқии муассисаҳои илмӣ-пажўҳишӣ бо мушкилоти ҷомеа омўзиши хеле бештарро мехоҳад. Умедворем,  матлаби навиштаи мо бетаваҷҷуҳ намемонад. Аз соҳибназарон интизор дорем, ки ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва андешаи худро дар ВАО мунташир месозанд. Гузаштан аз шумора ба сифат ногузир мебошад ва ҳар чи зудтар амалӣ шавад, беҳтар аст.

 

Меҳр Собириён,

ходими калони илмии АМИТ

                                                                                            


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш