Нашрияи Омӯзгор

Дониш чароғи сулҳ аст

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

 

Дониш, донишомўзӣ ва доништалабӣ истилоҳҳои ҷаззобе мебошанд, ки аз ҷониби адибон ва  донишмандон мавриди таърифу тавсиф қарор гирифтаанд. Ҳамин тавр,  калимаи сулҳ низ чун  як неъмати бебаҳост, ки  дар китобҳои осмонӣ, аз ҷумла,  Қуръони карим   “хайр” номида шудааст. Ин нишонгари он аст, ки ҳар қавм ё миллате, ки дар зери партави дониш ва сояи сулҳу оштӣ зиндагӣ мекунад, далолат бар он аст, ки ин миллатро Худованд дўст медорад. Мо, тоҷикон,  низ хушбахтона, аз он миллате ҳастем, ки  ба  чунин неъмати пурарзиш сарфароз гардидаем. Шукрона аз он мекунем, ки муддати 30 сол мешавад,  рушди донишу донишомўзи ва офтоби сулҳу салоҳу амонӣ дар осмони кишвари азизамон партавафшонӣ мекунад. Ҳамаи ин бо баракат ва саъйю талоши шабонарўзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи бонангу номуси кишварамон ба даст омадааст.

Чун анъана, ҳамасола рўзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рўзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Ҷаноби олӣ баргузор мегардад. Бо омадани ин санаи муборак Президенти муҳтарам оғози соли нави таҳсилро ба тамоми сокинони Ватани азизамон  табрику таҳният мегўянду дар оғози дарси сулҳ  пурарзиш будани неъмати сулҳ ва ба ҷо овардани шукронаи онро ба ҳамаи сокинони кишвар хотиррасон менамоянд.

Дар суханронӣ бештар дар бораи аҳаммият доштани илму дониш барои рушди маънавиёти инсон ва  инкишофи давлату миллат суҳбат намуда, барои пешрафту тараққиёти миллату давлат масъалагузориҳои илмиву оммавӣ карда, моро ба сўи донишу маърифат ва сулҳу ваҳдат роҳнамоӣ мекунанд.

Бо ҳамин мақсадҳои неку арзишманд солҳои 2020-2040 ҳамчун Солҳои омўзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардид, ки тавассути он тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, андешаронии техникии насли ҷавонро мустаҳкам гардонанд.

Бо ҳамин ҳадафи олӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар имрўз муассисаи нави таълимӣ бо шароити муосир бунёд гардиданд, ки шаҳодат аз арҷгузорӣ ба донишу донишомўзии миллати сулҳдўсту сулҳҷўи мо медиҳад.

Мутобиқи дарёфтҳои расмӣ, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби Президентӣ бо зиёда аз  8 ҳазор хонанда, 75 гимназия фарогири 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей дорои беш  36 ҳазор донишҷў бунёд гардидааст, ки ба рушду илмии ҷавонон кумак мерасонад. Ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 70 адад расида,  шумораи шогирдон низ беш аз 85 ҳазор нафар мебошад. Дар даврони Истиқлол шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба беш аз 40 адад расидааст, ки дорои  230 ҳазор нафар донишҷў мебошанд. Таҳлилу баррасиҳо нишон медиҳад, ки шумораи хатмкунандагони даврони Истиқлол беш аз 600 ҳазор нафар буда, 35 ҳазор нафар ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё ба илмомўзӣ машғуланд.

Мо бояд шукрона аз он намоем, ки чунин Ватани маҳбуб дорем, ки раҳбараш хирадманд ва дўстдори илм буда, ҳамеша мехоҳад ояндаи  мардуму миллат дар зери партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ  дурахшон бошад.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии  Институти Осиё ва Аврупои  АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш