Яке аз самтҳои асосии фаъолияти таълимии омўзгорон тайёр намудани шогирдон ба озмунҳо маҳсуб меёбад. Озмунҳо дараҷаи тафаккури зеҳнии хонандагонро инкишоф дода, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонад, ҳамчунин, муаррифи муаллим, синф, муассиса, шаҳр, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Ман, ки худ ҳамсол ва ҳамқадами Истиқлол ҳастам, аз рўзҳои аввали тайёрӣ ба озмунҳо аз ҷумла, олимпиадаҳои фаннӣ ҳамкориро бо волидайн мустаҳкам намуда, дар асоси нақша фаъолият менамоям. Барои ҳамасола сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидан, ҳайати шогирдон бояд аз тамоми синфҳо бошанд, зеро ин раванди бо ҳам иваз намудани донишҳо, малакаҳо ва истеъдодҳо ба ҳисоб рафта, фоизи зиёди донишҳо дар натиҷаи бо ҳамсоли худ суҳбат намудан дар хотири онҳо нақш мебандад. Дар тамоми муассисаҳо маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд, ки яке аз онҳо маҳфили таърихнигорон ва “Ҳуқуқшиносони ҷавон” ба ҳисоб меравад. Роҳбари маҳфил бояд фаъолиятро дуруст ба роҳ монда, ҳамроҳи шогирдон тайёриро дар сатҳи баланд бинад ва албатта, онҳо сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.Чанд сабаб ва ё омилҳое ҳастанд, ки таъсири худро барои сазовор гардидан ба ҷойҳо дар озмун мегузорад.
Якум, мақсад, шавқу ҳаваси хонанда ва дониши баланди устод. Ин омил дар натиҷаи фаъолияти мунтазами омўзгорон, ки, албатта, ба мақсади худ ноил мегарданд ва барои ин вақти муайян лозим аст, амалӣ мешаванд. Гурўҳе аз устодон чунин мепиндоранд, ки дар як сол тайёрӣ дида, дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи намоён шудан мумкин аст, вале танҳо бо тафаккури баланд, тайёрии махсус, мутолиаи адабиёти дарсӣ ва илмӣ сазовори ғолибият гардидан мумкин аст.
Хурсанд аз онам, ки сафи шогирдони мо дар олимпиадаҳои фаннӣ меафзояд.
Дуюм, дастгирии маъмурияти муассиса ва аҳли хонавода ҳангоми тайёр намудани шогирдон ба озмун низ таъсири худро мерасонад.
Сеюм, ҳамкорӣ бо устодони беҳтарини собиқадори соҳаи худ ҳам натиҷаи дилхоҳ медиҳад, зеро дониши ҳар як устод гуногун аст.Танҳо ба истиснои эҳтироми устодон ин амалро низ иҷро кардан мумкин аст.
Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки қисми зиёди маводи озмунҳо аз дохили барномаҳои таълимӣ гирифта мешаванд, аз ин лиҳоз, мо ҳамроҳи шогирдон бояд китоби дарсӣ ва барномаи таълимиро пурра азхуд намоем. Шогирдон боигарии маънавии устодон буда, дар ташаккули шахсияти онҳо саҳми устодон басо назаррас аст. Ҳар як устоде, ки ба тайёр намудани шогирдон машғул аст, услуб ва методи кори худро дорад. Ҳавасмандгардонии ғолибони озмун ва устодони онҳо аз самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ғолибон бо туҳфаву диплом, имтиёзҳо барои дохилшавӣ ба донишгоҳ ва устодон бошанд, аз тарафи Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, бо унвонҳои махсуси соҳавӣ ва ҳамин сол бори аввал бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ чанд нафар соҳиби ин ҷоиза гардиданд. Қобили зикр аст, ки Ҷоизаи раиси вилояти Суғд барои омўзгорони навовару эҷодкор ва фаъол, ки шогирдони зиёдашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовор гардидаанд, маблағҳои пулӣ ҷудо гардида, қадрдонӣ шуда истодаанд. Қарзҳои имтиёзнок ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ низ тибқи қарори Ҳукумат амалӣ гардида, ба мутахассисони ҷавон дода шудааст.
Ҳамаи ин дастгириҳои давлату ҳукумат ба хотири пешравии раванди таълиму тарбия, омода намудани шогирдон дар тамоми соҳаҳо ва дар маҷмўъ, саҳми босазо гузоштан дар кори созандагиву бунёдкорӣ дар роҳи дўст доштани Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
Хушрўзҷон ТЕМИРОВ,
устоди кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Иловакунӣ
Иловакунии фикр