Нашрияи Омӯзгор

Истиқлол ва саодати миллат

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Дар таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмўъ, давлатдории тоҷикон, пас аз истиқлоли воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи сиёсат ва бо дастгирии Роҳбари давлат муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки ин ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.

Сӣ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлол соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додааст.

Дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омада, бевосита тавассути дастгирии давлат дар миқёси кишвар 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои 311 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Таъсиси муассисаҳои муосир - литсейҳо ва мактабҳои Президентӣ, аз ҷумла, Литсей - интернати Президентӣ барои кўдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бўстон, муассисаи таълимии давлатии литсейи Президентии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ барои хонандагони лаёқатманд дар шаҳри Турсунзода аз дастовардҳои дигари ин соҳа дар даврони истиқлолият ба шумор мераванд.

Дар даврони соҳибис-тиқлолии Тоҷикистон зиёда аз 200 номгўи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 18 млн. нусха ба маблағи умумии 72 млн. сомонӣ ба нашр расид. Дар ин давра чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии тоҷикӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳоло таҳияи китобҳо бо забонҳои қирғизӣ, туркманӣ ва ўзбекӣ идома дорад.

Тадбирҳои дорои аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва умумибашарӣ имконият фароҳам оварданд, ки халқи тоҷик бедортару огоҳтар гардад, робитаи худро бо тоҷикони бурунмарзӣ барқарор ва мустаҳкамтар намояд, ба решаҳои таърихӣ ва фарҳангии худ назари тоза андозад, барои ба даст овардани ваҳдату ягонагии миллат ва рушди ифтихори миллӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

 

Бибираъно СИДДИҚОВА,

омўзгори гимназияи №5

ба номи Султон Воҳидов,

ноҳияи Ашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш