Нашрияи Омӯзгор

Мутахассиси касби хеш бошем

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Дар  Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  бо иштироки  ҳайати устодону кормандон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулло Ҳабибулло  иброз дошт, ки соли ҷорӣ дар асоси санадҳои амалкунандаи соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорон ва маблағҳои дохилии донишгоҳ заминаи моддӣ - таълимии донишгоҳ беҳтар гардид. Дар соли ҷорӣ қарордоди ҳамкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ба имзо расид. Тибқи квотаи кишварҳои хориҷӣ барои соли хониши 2018-2019  6 нафар омӯзгор барои идомаи таҳсил дар аспирантураи давлатҳои Ҳиндустон, Хитой ва Россия сафарбар карда шуданд. Донишгоҳро 26 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуданд. Комиссияи аттестатсионии донишгоҳ дар соли хониши 2017-2018 омӯзгорони донишгоҳро аз комиссияи аттестатсионӣ гузаронид. 31 нафар омӯзгор аз уҳдаи навиштани кори хаттӣ баромада натавониста, баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд, ки минбаъд дар донишгоҳ ҳамчун омӯзгор ҳуқуқӣ кор карданро надоранд.Фаъолияти парки технологии донишгоҳ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Мутаассифона, нарасидани хобгоҳ барои донишҷӯёне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст таҳсил мекунанд, мушкилоту проблемаҳои зиёдеро  эҷод намудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш