Нашрияи Омӯзгор

Бинои иловагӣ ба истифода дода шуд

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Ба муносибати 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба истифода дода шуд.

Бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда,  барои 320 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст. Дар таҳхонаи бинои мактаб синфхонаҳои таълимии касбомўзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кадбонугӣ ва ғайра ҷойгир шудаанд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

 «Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш