Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар Қаратоғ

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Насруллоев барои наврасони деҳаи Шунуки Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода дар заминаи МТМУ №91 бинои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бино иборат аз 2 ошёна буда, дорои 13 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ,синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Муассисаи таълимӣ барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Дар тантанаи ифтитоҳи мактаб роҳбарияти шаҳр, намояндаи Ҳукумати мамлакат Н. Асозода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода иштирок намуда, соҳибкорро бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ намуданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш